САҲА интихоботи порлумонии Тоҷикистонро назорат намекунад

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эълон кард, ки нозиронаш ҷараёни интихоботи порлумонии моҳи мартро дар Тоҷикистон назорат намекунанд.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон 4-уми феврал дар изҳороте гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон", боис шуд, ки ин созмон аз назорати интихоботи моҳи март худдорӣ кунад.

Мария Телалян, роҳбари Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон гуфтааст, "набудани кафолати расмӣ дар бораи онки нозирони мо метавонанд як моҳ қабл аз интихобот кори худро анҷом диҳанд", як сабаби худдории ин созмон аз назорати ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон шуд.

Дар Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карда гуфтанд, танҳо дар асоси мактуби расмӣ посух медиҳанд.

Намояндагони ин созмон моҳи январ зимни нишасте дар Душанбе гуфта буданд, барои назорати интихоботи порлумонии Тоҷикистон 11 коршиноси байнулмилалӣ ва 150 нозири кутоҳмуддат мефиристанд.

Аммо дар изҳороти ахири САҲА омадааст, ҳарчанд ҳайати нозирон рӯзи 22-юми январ ифтитоҳ шуд, аммо гурӯҳи коршиносон муқими Душанбе натавонистаанд ба кори худ шурӯъ кунанд.

Интихоботи порлумонӣ 2-юми марти имсол баргузор мешавад.

63 узви Маҷлиси Намояндагон дар Тоҷикистон дар панҷ сол як дафъа интихоб мешаванд. Дар ҳоли ҳозир, аксар курсиҳои порлумонро ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр дорад. Ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан бо доштани 7 ва 5 вакил фраксияи худро дар порлумон ташкил додаанд. Ҳизби коммунист ду вакил ва ҳизбҳои сотсиалистиву демократии Тоҷикистон яктоӣ курсӣ доранд.

Ҳамаи ин аҳзоб, ошкоро аз сиёсатҳои ҳукумат ва ҳизби ҳоким тарафдорӣ мекунанд ва аз ин рӯ онҳоро "ҳизбҳои кисагӣ" ва ё офаридаи ҳукумат мешуморанд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар гузашта ҳизби мухолиф дар ҷумҳурӣ номбар мешуд, дар интихоботҳои пешина ширкат карда, вале ҳеч гоҳ ба порлумон роҳ наёфтааст. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар гузашта намояндагонаш дар порлумон ҳузур доштанд, аз соли 2015 дар Тоҷикистон мамнуъст.

САҲА то кунун ҳашт интихоботро дар Тоҷикистонро назорат кардааст. Хулосаҳои нозиронаш ҳам ин будааст, ки ин корзорҳои муҳими сиёсии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф сурат нагирифтаанд.