Доналд Трамп шоми 10-уми феврал эълон кард, ки Кит Келлогг ба зудӣ ба Киев меравад ва ҳамчунин афзуд, ки худи ӯ ин ҳафта бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина сӯҳбат хоҳад кард.
Хабари сафари қарибулвуқӯи намояндаи вижаи Доналд Трамп ба Украина ибтидо рӯзи душанбе дар шабакаи хабарии CNN нашр шуд ва чанд соат пас аз он, раисҷумҳури Украина низ аз сафари як ҳайати муҳими ҳукумати Трамп ба Киев дар рӯзҳои оянда хабар дод.
CNN гузориш дода буд, ки намояндаи вижаи Трамп рӯзҳои 14-16 феврал аввалан дар Конфронси амниятии Мюнхен бо муттаҳидони Амрико гуфтугӯ хоҳад кард ва сипас раҳсипори Киев хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина баъдан гуфт, ки сафари шуморе аз аъзои "муҳим"-и давлати Трамп ба Киев пеш аз Конфронси амниятии Мюнхен анҷом хоҳад шуд.
Владимир Зеленский дар паёми видеоии худ ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни Конфронси амниятии Мюнхен бо муовини Доналд Трамп мулоқот хоҳад кард.
Доналд Трамп, ки то ба ҳол дар бораи тарҳи худ барои поёни ҳарчи зудтари ҷанги Русия алайҳи Украина ҷузъиёте ироа накардааст, ҳафтаи гузашта генерали бознишаста Кит Келлоггро фиристодаи вижаи худ дар умури Украина ва Русия, таъйин кард.
Зеленский хостори он шудааст, ки Доналд Трамп пеш аз мулоқот бо раисҷумҳури Русия, бо ӯ мулоқот кунад ва Киев дар гуфтугӯҳои вобаста ба тарҳи сулҳ иштирок дошта бошад.
Аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина, Вашингтон муҳимтарин муттаҳиди Украина будааст ва пас аз оғози президентии Трамп низ Киев дар талош барои наздик шудан ба давлати ӯ будааст. Украина аз ҷумла, ба Амрико пешниҳод кардааст, ки дар коркарди захираҳои маъдани Украина мушорикат дошта бошад.
Нерӯҳои Русия дар моҳҳои ахир дар ҳоли пешравӣ дар шарқи Украина ҳастанд. Аммо артиши Украина аз як тараф бо камбуди сарбоз рӯбарӯ аст ва аз сӯи дигар, аз эҳтимоли таъмин нашудан бо силоҳ аз сӯи Амрико, бим дорад.
Доналд Трамп рӯзи 9-уми феврал тасдиқ кард, ки бо Владимир Путин дар бораи поён додан ба ҷанги Русия дар Украина, телефонӣ гуфтугӯ кардааст. Ӯ гуфт, ки тарҷеҳ медиҳад нагӯяд, ки як бор ё чанд бор гуфтугӯ кардааст ва ба санаи мушаххаси гуфгугӯ ҳам ишора накард.