Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон бе ҳузури мухолифон

Дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми март интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад, ки бори аввал дар он ҳеч ҳизби воқеан мухолиф иштирок надорад.

Барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагон 68 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурӣ ва 152 номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ мубориза мебаранд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз аксар аъзои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон иборат аст ва интизор меравад, ки натиҷаҳои интихобот ин навбат ҳам тағйир намеёбанд.

Дар остонаи овоздиҳӣ Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон нозирони онро барои мушоҳидаи интихобот сабт накарданд ва як қатор расонаҳои мустақил ва байнулмилалӣ, аз ҷумла Радиои Озодӣ ҳам барои бозтоби ҷараёни интихобот роҳ дода нашуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Рақобат нест, танҳо фармонбардорҳо иҷозаи иштирок доранд"Оқибати интихоботи ноодилона чист?Барқ, кор ва муҳоҷирон. Номзадҳо дар корзори интихобот чӣ ваъдаҳо медиҳанд?КМИР иҷоза надод. Интихоботро кӣ назорат ва кӣ инъикос мекунад?