Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия барои муҳоҷирон, ки то 30-юми апрел пешбинӣ шуда буд, метавонад то моҳи сентябр дароз шавад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон баъд аз вохӯрии сафири ин кишвар бо намояндагони ҳукумати Русия хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, Игор Маслов, сардори яке аз раёсатҳои дастгоҳи президенти Русия ба сафири Қирғизистон гуфтааст, муҳлати қонунигардонии санадҳо дар ин кишвар то 10-уми сентябри соли 2025 тамдид карда хоҳад шуд.
Бар асоси фармони президент Владимир Путин, хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, фурсат доштанд то 30-юми апрел санадҳои худро дуруст кунанд ва ё аз ин кишвар берун шаванд.
Сабтином дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат аз шартҳои асосист.
Ҳамчунин, муҳоҷирон набояд аз пули телефону пардохти ҷарима ва хадамоти дигари давлатӣ қарздор бошанд.
Муҳоҷирон баъди ҳамла ба "Крокус" дар моҳи марти соли гузашта аз зиёд шудани рейди пулис ва сахтар шудани қонунҳои муҳоҷират шикоят доранд.