Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи хароҷоти 183 миллион сомонӣ (17 миллион доллар)-ро эълон кардааст.
Ин пуле аст, ки ба гуфтаи мақомот, "аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷа дар соли 2025" ба даст меояд.
Қарори ҳукумат 16-уми апрел содир шуда, Радиои Озодӣ 23-юми апрел бо муҳтавои он шинос шуд.
Дар санад омадааст, аз 183 миллион сомонӣ 90 миллионаш барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" сарф мешавад.
Боқимонда 93 миллион сомонии дигар барои бунёди иншооти давлатӣ, аз ҷумла Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, меҳмонхона дар маркази ноҳияи Данғара, бинои сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон, бинои маъмурии Вазорати маориф ва илм, бинои маъмурии Вазорати фарҳанг ва бинои нави Вазорати адлия сарф мешудааст.
Имсол даромади буҷаи Тоҷикистон 49,6 миллиард сомонӣ (4,5 миллиард доллар) муқаррар шудааст. Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби пардохти молиёт (андоз) ва боҷҳои гумрукӣ пур мешавад.
Соҳибкорон борҳо аз гаронии молиёт шикоят карда буданд.