Парвандаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол"-ро моҳи июн ба додгоҳ мефиристанд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС бо такя ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
Ба иттилои ин расона, парвандаро Додгоҳи ҳарбии 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард. ТАСС хабар додааст, ки феълан парвандаи чаҳор нафар дар миёнаҳои моҳи июн барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол мешавад.
"Дар ин парванда маводи зиёде, аз ҷумла маълумот дар бораи ҳолатҳои ҳамла ба "Крокус" мавҷуд аст. Пас аз баррасии онҳо, парванда ба додситонӣ ва баъдан ба додгоҳ ирсол мешавад",- гуфта шудааст дар хабар.
Мақомоти Русия бори аввал аз фиристодани парванда ба додгоҳ хабар медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи тафтишоти Русия моҳи феврали имсол таҳқиқи парвандаи ҳамлаи хунин ба толори консертии "Крокус"-ро ба анҷом расонд. Ба гуфтаи вакилони дифои гумонбарон, парванда мебоист то моҳи март ба додгоҳ мерафт.
Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол" дар наздикии Маскав шаби 22-юми марти соли гузашта сурат гирифт. Дар робита ба ин ҳодиса ҳудуди 20 кас боздошт шуданд, ки 14 нафарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Ин афрод аз моҳи марти соли гузашта дар ҳабс ҳастанд. Шароити нигаҳдории гумонбарон дар боздоштгоҳ маълум нест.