Боздошти гурӯҳе бо иттиҳоми таҳияи санадҳои қалбакӣ ба муҳоҷирон дар Русия

Полиси Русия

Дар вилояти Краснодари Русия гурӯҳе боздошт шудааст, ки ба қавли мақомоти интизомӣ, барои садҳо муҳоҷир дар дарёфти асноди ғайриқонунӣ кумак кардааст. Дар ин бора рӯзи 30 апрел харбаргузории ТАСС аз қавли Раёсати хадамоти амнияти федералӣ хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, дар ташкили ин гурӯҳи ҷиноӣ як зодаи кишвари Осиёи Марказӣ гумонбар дониста мешавад, ки шаҳрвандии Русияро дорад. Тафтишот мегӯяд, 14 узви гурӯҳи мазкур аз моҳи январи соли 2024 то моҳи апрели соли 2025 буду боши ҳудуди 500 нафар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказиро тавассути шартномаҳои қалбакии меҳнатӣ дар Русия таъмин кардаанд.

Дар нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Назари худи боздоштшудаҳо ваё ҳуввияти онҳо маълум нест.

Соли 2024 дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷиронро барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҷазо додаанд.

Ба маълумоти Додгоҳи олии Русия , зиёда аз панҷ ҳазор муҳоҷир, ки аксарашон аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳастанд, бо иттиҳоми таҳияи санадҳои қалбакӣ ҷазо гирифтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар гузашта гуфта буданд, ки маҳз низоми фасодзадаи Русия шароитро барои сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фароҳам меорад. Дар як соли охир Думаи давлатии Русия 34 тарҳу қонунеро қабул кард, ки дар вуруд, иқомат ва кори муҳоҷирон дар ин кишвар маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ намуд ва онҳоро ҳарчи бештар ба як қишри беҳуқуқ ва озебпазир табдил додааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Рафтан гарон, бозгашт арзон. Муҳоҷирон аз болоравии нархи билетҳо нигаронанд Ба 20 муҳоҷири тоҷик иҷоза надодаанд, ки вориди Маскав шаванд Донистани англисӣ барои ронандагони мошинҳои борбар дар Амрико ҳатмӣ шуд