Дар Тоҷикистон нақшаи даъват ба артиш "пеш аз мӯҳлат" иҷро шуд

Акс аз апрели соли 2019

Вазорати дифои Тоҷикистон аз анҷоми иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ хабар дод. Хабаргузории расмии «Ховар» аз қавли Вазорати дифоъ рӯзи 1 май навишт, ки нақша пеш аз мӯҳлат ва сад дарсад иҷро шудааст.

“Пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ натиҷаи фаъолияти хубу назарраси масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо” мебошад, гуфта шудааст дар хабар. Вазорати дифоъ гуфтааст, ки сӯҳбатҳо бо мардум боиси афзоиши шумори ихтиёриёни хидмат дар нирӯҳои мусаллаҳ гардид.

Дар хабари расмӣ дар бораи ҳодисаҳои бо зӯр ва таҳти фишор ба хидмат ҷалб шудани бархе ҷавонон чизе гуфта намешавад, ҳарчанд дар бораи чанд ҳодисааш матбуот, аз ҷумла Радиои Озодӣ ҳам моҳи апрел хабар дод.

Аз ҷумла, рӯзи 8 апрел дар як бозори Кӯлоб ҷавонеро хостанд ғайрирасмӣ ва бидуни даъватнома ба артиш баранд. Чунин намуди ҷалби ҷавонон ба хидмат аз ҳолатҳои паҳншудаи вайрон кардани қоидаи даъвати расмӣ ба хидмат дониста мешавад.

Вуҷуди мушкилоти ҷиддии мисли меҳтарсолорӣ ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар миёни низомиён бисёр ҷавононро аз хидмат дар артиш дилсард мекунад. Ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ҳам рух медиҳанд, вале дар бисёр ҳолатҳо сабабҳои воқеии ин фоҷеаҳо аз волидону ҷомеа пинҳон мемонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Аз зери манаҳаш тир зад." Марги як сарбози 25-солаи тоҷик"Бе даъватнома ва таҳқиромез." Шикоят аз "сарбозшикор" дар КӯлобГуфта буд "милисаҳо мисли тӯби футбол заданд", ҳоло ҷазо гирифтДар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба артиш оғоз шуд