Фурқати Ҳукумат муовини раиси ВМКБ шуд

Фурқати Ҳукумат. Акс аз саҳифаи Фейсбуки ҳукумати ВМКБ гирифта шудааст

Рӯзи 1 май Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар ҷаласаи вилоятӣ дар бораи тағйироти кадрӣ хабар дод.

Ба иттилои саҳифаи фейсбукии маъмурияти вилоят, Абдулназар Абдулназарзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби муовини раиси ВМКБ озод ва ба ҷои ӯ Фурқати Ҳукумат таъин гардид.

Дар хабар гуфта мешавад, ки чунин қарор дар асоси розигии хаттии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст.

Маълум нест Абдулназаров ба кадом вазифа таъин шудааст, дар ин бора дар хабари расмӣ чизе гуфта намешавад. Дар бораи Фурқати Ҳукумат ва корномаи ӯ ҳам маълумоти кофӣ дар даст нест, танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ як наворе бо сӯҳбатҳои Ҳукумат бо ҳимоят аз фарҳангу забони миллӣ нашр шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Раиси ВМКБ муовини раиси Маҷлиси Миллӣ шудАлишери Мирзонабот. Тақдири ҳукумат, танқиди фаъолон