Ихроҷи 131 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ИМА

Мақомоти ИМА 131 шаҳрванди Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро ба Тошканд ихроҷ карданд. Мақомоти Узбекистон инро аз иқдомҳое барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандонашон ном бурдаанд, ки дар "вазъияти мушкил дар хориҷа" қарор доранд.

Парвоз аз Ню-Йорк ба Тошканд рӯзи 30-юми апрел тавассути ширкати ҳавопаймоии Узбекистон сурат гирифтааст.

Дар изҳороти Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфта мешавад, ки парвози мазкур пурра аз ҳисоби Узбекистон анҷом шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки ихроҷҳо аввалин чунин тавофуқ байни Иёлоти Муттаҳида ва ҳукумати хориҷӣ пас аз ба қудрат расидани президент Доналд Трамп дар моҳи январ мебошад.

Котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Аҳрор Бурхонов дар шабакаи иҷтимоӣ навишт,"сухан дар бораи шаҳрвандоне меравад, ки низоми раводидро вайрон кардаанд ё мӯҳлати будубоши қонунии онҳо дар ИМА ба охир расидаанд".

Ҳарчанд ин мақомдори узбек мушаххс нагуфт, ки чӣ теъдоде аз ихроҷшудаҳоро шаҳрвандони Узбекистон ташкил медиҳанд, аммо афзуд, раванди бозгашт ба ватан “бар асоси унсурҳои башардӯстона ва ҳуқуқӣ, ки бозгашти шоиста ва бехатари шаҳрвандонро таъмин мекунад, ба роҳ монда мешавад".

Пас аз ба кор пардохтани Трамп дар рӯзи 20 январ, алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ муборизаи сахте ба роҳ монд. Баъди ин дар шаҳрҳои гуногун садҳо рейд анҷом дода, ҳазорон муҳоҷир боздошт шуданд. То кунун исми 149 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба рӯйхати онҳое ворид шудааст, ки бояд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихроҷ ё депорт шаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ихроҷи муҳоҷирон аз Амрико. Тоҷикон ҳам ҳастанд Пас аз амри Трамп як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико боздошт шудаастИхроҷи 88 тоҷикистонӣ аз хоки ИМА дар чор соли гузашта