Сокинони ду шаҳри вилояти Сумии Украинаро ба ҷои амн мекӯчонанд

Акс аз соли 2022. Лиман, вилояти Донетск

Мақомоти Украина эълон карданд, ки сокинони ду шаҳри воқеъ дар наздикии Русия – Белополе ва Ворожба ба ҷои амн кӯч дода мешаванд. Михаил Мелник, раиси ноҳияи Суми гуфт, ки автобусҳо барои бурдани мардум фиристода мешаванд. Сабаби ин қарор нашр намешавад.

Вале як рӯз пеш, 5 май додситонии вилоят гуфт, ки артиши Русия ин ду шаҳрро беист оташборон карда ва дар натиҷа се сокини маҳаллӣ кушта шуданд.

Белополе ва Ворожба дар ҳамсоягии вилояти Курски Русия ҷойгиранд. Рӯзи душанбе манбаъҳои русӣ гуфтанд, ки дар ин минтақаи то шурӯи ҷанг сеҷамъият ҷангҳои сахте ҷараён доранд ва низомиёни украинӣ аз сарҳад убур карданд. Маскав ва Киев ҳанӯз расман чизе намегӯянд.

Моҳи апрел сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Украина Александр Сирский дар сӯҳбат бо нашрияе гуфт, ки артиши Русия ҳуҷумро ба вилояти Суми шиддат мебахшад, вале аз он замон то кунун дар бораи тағйирот дар хати ҷабҳа иттилое нашр нашудааст.

Шоми рӯзи душанбе Василий Худяков, раиси ҷамоати деҳоти Глушковои вилояти Курск дар бораи берункашии аҳолӣ ба ҷои амн хабар дод. Ӯ инро ба “сангинтар шудани вазъ” рабт додааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Эҳтимоли маҳдудият дар дастрасӣ ба интернет дар Маскав Собянин гуфт, чор паҳподро дар наздикиҳои Маскав безарар намудандНоми 170 шаҳрванди Туркманистон, ки алайҳи Украина меҷанганд