"Пайрави мактаби Беҳзод". Намоишгоҳи миниатюраҳои Олим Камолов дар Душанбе

Олим Камолов рӯзи 3 май дар ифтитоҳи намоишгоҳ ба меҳмонҳои ин ҷашн асарҳои худро муаррифӣ намуд

“Таваллуди Рустам”, “Парвози Кайковус”, “Рустам Рахшро ром мекунад”, “Шикори бабр” ва дигар қиссаҳои маъруфе аз ҳамосаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ин навбат дар ҳунари миниатюра дубора эҳё шудааст.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон имрӯзҳо намоишгоҳи асарҳои ҳунарии миниатюрнависи маъруф Олим Камолов ҷараён дорад, ки тасвирҳое аз достонҳои “Шоҳнома” дар маркази он қарор гирифтаанд.

Камолов, ки худро пайрави мактаби Камолиддини Беҳзод мешуморад, ягона наққоши миниатюрнавис дар Тоҷикистон мебошад. Худи ин наққош мегӯяд, нобасомониҳои солҳои 1990-ум ва рукуди якбораи ҳунару рассомӣ барояш фурсате дод, то аз паи омӯзишу таҳқиқи осори гузаштагон, таҳлили матну миниатюраҳои классикон шавад ва дар ниҳоят, ҳамроҳ бо ҳамсараш Сарвиноз Ҳоҷиева мактаби нахустини миниатюрасозии “Мино”-ро ташкил намуд.

Сарвиноз Ҳоҷиева - рассом ва хабарнигор дар рушду муаррифии ҳунари ҳамсараш Олим Камолов саҳми зиёде гузоштааст

Бо ин ки миниатюра яке аз намудҳои бисёр мураккабу хос ва боназокати ҳунари наққошӣ ба шумор меравад, аз дидгоҳи худи Камолов, таҳаввули ҷиддиеро дар зеҳни ӯ ба вуҷуд овардааст.

“Миниатюра як жанри тамсилии озодфикр аст, мисле ки як инқилоберо дар ҳунари наққошӣ мемонад. Аз ин рӯ, маро ҳарчи бештар машғул медорад”, мегӯяд худи Олим Камолов. Ӯ мегӯяд, дар паи таҳқиқу омӯзиши намунаҳои классикии миниатюра нахуст аз паи такрору нусхабардорӣ ва баъдан - дар фикри эҷоди сабки инфиродии таҳия чунин асарҳо шуд.

«Ман ба ин фикр омадам, ки аз ҳаёти ҳамарӯзаи худ, аз расму оинҳои мардуми тоҷик ваё мусобиқаҳои варзишии имрӯза, ба мисли бозиҳо, пойга ваё мусобиқаҳо мавзӯъҳое эҷод кунам», мегӯяд наққош.

Ҳунаршиноси маъруф Лариса Додхудоева, ки эҷодиёти Камоловро аз оғоз мушоҳида мекунад, ӯро наққоши дар ҳоли таҳқиқу ҷустуҷӯ ва рушд меномад. Ӯ мегӯяд, «бо гузашти вақт Олим Камолов ба парвози эҷодие расид, ки дар ҷасорати муаррифии афкору андешаи тоза инъикос мешавад. Ӯ худро дар маркази як ҷараёни бисёр мураккаби дарки имкониятҳои ҳунари миниатюра қарор дод ва сабки инфиродии худро эҷод намуд».

Миниатюраҳои Олим Камолов

Муҳаққиқон мегӯянд, қадимитарин намунаҳои миниатюраи адабӣ аз қарни 13 то имрӯз расидаанд. Аксари онҳо бар пояи сужаҳои осори шоирону нависандагони форсу тоҷик, махсусан бар пояи осори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ваё «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, осори Саъдӣ ваё достонҳои «Калила ва Димна» эҷод шудаанд. Бархе намунаҳои миниатюра дар рӯи сафолу матоъ ҳам ифода ёфтаанд.

Дарҳои намоишгоҳ то 25 май ба рӯи тамошобинон боз хоҳанд буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Намоишгоҳи "Пайравони Беҳзод" дар осорхонаи миллии ТоҷикистонБонувони наққоши тоҷик ҳунарашонро нишон доданд Наққоши тоҷик Вафо Назаров даргузаштСӯҳбат бо наққоши тоҷик Фаррух Неъматзода "Дастархони сурх"-и Далер Меҳтоҷев дар Душанбе муаррифӣ шуд. ВИДЕОИлёс Мамадҷонов: "Хушбахтам, ки озодам ва бо супориш кор намекунам". НИГОРИСТОН