Ҷамолиддин се сол қабл бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд ва дар яке аз маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекард.
Вақте дар зиндон пешниҳод шуд, ки бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон ба ҷанги зидди Украина равад, ӯ ҳам розӣ шуд. Ҷамолиддини Саид шаҳрвандии дугонаи Тоҷикистон ва Русияро дорад.
Ҷамолиддини Саид рузи 5 уми май дар як сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, моҳи декабри соли 2024 ба ҷанг сафарбар шуд.
«Ман се соли зиндонро паси сар кардам, вале дидам, ки муҳлати 6 соли дигар хеле дароз аст ва барои раҳо шудан аз идомаи иҷрои ҷазо розӣ шудам ва 16 декабр, пас аз се моҳи машқи ҳарбӣ маро ба майдони ҷанг бурданд. Ман то захмӣ шуданам, яъне рӯзи 19-уми марти соли равон дар Донетск будам. Он рӯз бар асари зарбаи мушакии паҳбод шадидан захмӣ шудам» , гуфт Ҷамолиддин.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, баъди ин дар як табобатгоҳи қисми ҳарбии Донетск бистарӣ шуд. Ҳамакнун, ба гуфтааш, бо вуҷуди ин ки ҳанӯз шифо наёфтаву бо пойҳои захмӣ, бидуни табобати комил ӯро дубора ба майдони ҷанг бурданд. Ҷамолиддини Саид гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта, 2 май бо иҷозаи табиби қисми ҳарбӣ ба ӯ либоси низомӣ пушонида ба майдон бурданд.
Вай дар навори видеоӣ, ки нусхаи онро Радиои Озодӣ дидааст, дар тан либосӣ низомӣ дорад ва мегӯяд, илтиҷояшро барои табобати комил гӯш надоданд. Ӯ мегӯяд, бо мушкил роҳ меравад, вале касе парво накард.
Ҷамолиддини Саид мегӯяд, то лаҳзаи захмӣ шуданаш ҳамроҳи ӯ се тоҷики дигар низ дар майдони ҷанг буданд ва ҳамаи онҳо ҳам аз зиндон ба ҷанг бурда шуданд. Ӯ гуфт, ҷузъиёти вобаста ба ҳуввияти онҳову ба ҷанг бурда шудан, аз ҷумла сабаби чӣ гуна розӣ шудани ҳамроҳонашро барои ширкат дар ҷанг намедонад.
Ӯ танҳо медонад, ки яке аз онҳо нопадид шуд ва дигарӣ, ки ӯро дигар сарбозон бо лақаби «тоҷик» мешинохтарнд, аз ноҳияи чашмаш захмӣ шуд. Нафари сеюме, ки ӯро бо кадом сабабе лақаби «афғон» дода буданд, “кушта шуд”. Зимнан, ба гуфтаи Ҷамолиддин, ҷавони тоҷики аз чашмаш захмишуда “дар майдони ҷанг аст”.
Вай мегӯяд, вақте ӯву дигарҳоро моҳи декабр ба қисми ҳарбӣ дар Донетск расониданд, маълум шуд, ки аз се маҳбас ҳамагӣ 180 нафар – аксар намояндаҳои миллатҳои ғайрирус ба ҷанг фиристода шуданд.
Шикояти дигари Ҷамолиддин аз то ҳол пардохт нашудани музди семоҳаи хидматаш дар майдони ҷанг будааст.
«То ҳол ҳақи семоҳаамро пардохт накардаанд ва намедонам барои чӣ пардохт намекунанд», мегӯяд Ҷамолиддин.
Яке аз низомиёни қисми ҳарбии полки низомӣ дар суҳбати телефонӣ бо шунидани суоли Радиои Озодӣ дар бораи саломатии Ҷамолиддин гуфт, ҳақ надорад бо васоити ахбор суҳбат кунад ва телефонро хомӯш кард.
«Ман бо чун пизишки дандон кор мекардам, вале вақте модарам ба бемории саратон гирифтор шуд, барои табобату нигоҳубини ӯ пули зиёд лозим шуд. Вақте як нафар пешниҳоди харидани маводи сафед (ҳероин)-ро кард, барои фурӯши он розӣ шудам ва бубинед, ба чӣ сарнавиште рӯ ба рӯ шудам», мегӯяд Ҷамолиддин.
Ӯ мегӯяд, мисли ӯ фирефташудаҳо хеле зиёд ҳастанд ва ба хотири бозгаштан аз майдону ҷангу раҳо шуданашон аз идомаи адои ҷазо розӣ мешаванд ба ҷанг раванд.
Радиои Озодӣ то кунун дар бораи кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина ва ё маҷбурӣ аз кӯчаву зиндонҳо ба артиши Русия бурда шудани онҳо гузориш додааст.
Феҳрасти "Зархаридон аз Тоҷикистон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия" дурустии ин маълумотро бори дигар тасдиқ мекунад.
Назрулло Ҷунайдов аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар моҳи октябри соли 2023 дар ҷанги Украина кушта шудааст ва Радиои Озодӣ дар борааш гузориш дода буд, дар ин рӯйхат ҳаст. Яке аз наздикони ӯ гуфта буд, ки "Нарзулло дар ширкати таксиронии "Яндекс" кор мекард. Ба ӯ даъватнома омад. Гуфтанд, агар ба ҷанг наравӣ, ҳабсат мекунем. Маҷбур рафт. Намехост." Вай ҳамзамон шаҳрвандӣ ва шиносномаи Русияро дошт.