Баъди нисфирӯзии 8 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав парвоз кард. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ навишт, ин сафари корӣ бо даъвати президенти Русия Владимир Путин сурат мегирад.
Қарор аст фардо, 9 май Раҳмон дар қатори чанд раҳбари дигари давлатҳои хориҷӣ дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар Олмони нозӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон иштирок кунад.
Дар хабари расмӣ омадааст, ки ҳамроҳ бо президент дар ин сафар ёрдамчӣ оид ба робитаҳои хориҷӣ ва дигар мақомот сафар кардаанд.
Таҷлили ҷашни ғалабаро дар Маскав Путин мехоҳад барои намоиши гӯё пуштибонии зиёдаш аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ истифода кунад, чун дар беш аз се соли ҷангаш алайҳи Украина дар як инзивои сахти сиёсӣ қарор гирифтааст.
Дар миёни раҳбарони дигар кишварҳои ширкатдори паради ҷашнӣ раҳбарони кишварҳое мебошанд, ки сиёсати Путинро дастгирӣ мекунанд ва ё аз ин кишвар вобастагии сиёсию иқтисодӣ доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Президенти Тоҷикистон: Барои пирӯзӣ бар фашизм мардуми Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаандИди Ғалаба, “Полки абадӣ” ва дигар чорабиниҳоЭҳтимоли маҳдудият дар дастрасӣ ба интернет дар Маскав