Покистон рӯзи 13 май дар вокуниш ба таҳдиди нахуствазири Ҳинд дар бораи ҳамлаҳои нави марзӣ, ҳушдор дод ва гуфт, ба ҳар гуна таҷовузи эҳтимолӣ посух хоҳад дод.
Нарендра Моди дар суханронии телевизионии рӯзи 12 май гуфт, ки агар Исломобод даст ба ин кор бизанад, Деҳлӣ ба он посухи муносиб медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон изҳороти Модиро "таҳрикомез" хонд ва хостори хештандорӣ шуд.
Ҳушдори Покистон пас аз он матраҳ шуд, ки ҳафтаи гузашта ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ, пас аз ҳамлаи маргбор дар Кашмири Ҳинд, ки 26 гардишгарро кушт, вориди даргириҳои мушакӣ ва бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин шуданд.
Оташбасе, ки бо миёнаравии Доналд Трамп барқарор шуд, то кунун ҳифз шудааст.
Фармондеҳони баландпояи ду тараф бар идомаи оташбас ба созиш расидаанд ва мушовирони амнияти миллӣ қарор аст дар яке аз кишварҳои бетараф дар бораи ихтилофҳо, гуфтугӯ кунанд.