Қарор аст имруз, 16 май, аввалин музокироти мустақими сулҳ пас аз беш аз се сол, байни Русия ва Украина, дар Истанбул, баргузор шавад. Аммо чун ҳеҷ яке аз тарафҳо ҳайати олирутбае нафиристодааст, умедвориҳоро барои ба даст омадани пешрафти назаррас барои поёни ҷанг дар Украина, камранг сохтааст.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина пас аз он, ки Владимир Путин, президенти Русия, аз пешниҳоди раҳбари Украина барои дидори рӯ дар рӯ дар Туркия худдорӣ кард, гуфт, ки кишвараш ҳайатеро дар сатҳи тими Русия барои гуфтугӯ фиристодааст.
Даргирии ҷорӣ дар Украина дарозтарин ҷанг дар Аврупо аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Пас аз тасмими Путин дар бораи иштирок накарданаш дар ин музокирот ва фиристодани як ҳайати дигар, Зеленский бори дигар тамоюли Путин барои даст ёфтан ба созиши сулҳро зери суол бурд ва тими музокиракунандаеро, ки Маскав фиристод, "ороишӣ" хонд.
Зеленский пас аз мулоқот бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия дар Анқара ба хабарнигорон гуфт, "мутаассифона, онҳо ба андозаи кофӣ дар бораи гуфтугӯҳо ҷиддӣ нестанд". Ӯ афзуд, ки Рустам Умаров, вазири дифоъ, ҳайати украиниро раҳбарӣ хоҳад кард.
Дар ин миён, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки сатҳи ҳайати фиристодаи Русия нишон медиҳад, ки даст ёфтан ба пешрафт баъид ба назар мерасад. Ӯ аммо гуфт, ки президент Трамп моил аст, ба музокирот то вақте, ки барои даст ёфт ба сулҳ лозим аст, пойбанд бимонад.
Марко Рубио пас аз нишасти вазироин корҳои хориҷии НАТО дар Анталия дар рӯзи 15 май, гуфт, "мехоҳам содиқ бошам... аммо интизороти зиёд аз ончӣ фардо рух хоҳад дод, надорем".
Аз сӯи дигар, вазири корҳои хориҷии Туркия пас аз мулоқот бо Владимир Мединский, раиси ҳайати Русия, дар Истанбул гуфт, ки ҳанӯз маълум нест, ки оё Амрико дар музокирот иштирок хоҳад кард ё не.
Вай афзуд, " музокироти сеҷониба байни Русия, Украина ва Туркия дар дастури кор аст...ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст, ки оё як қолаби чаҳорҷониба вуҷуд хоҳад дошт ё не".
Зеленский субҳи панҷшанбе вориди Анқара шуд. Ӯ дар пойтахти Туркия бо Эрдуғон мулоқот кард, аммо дар музокироти сулҳи Истанбул иштирок нахоҳад кард ва бо ишора ба қудрати Путин дар Русия гуфт, "ҳамаи мо медонем, ки чӣ касе дар Русия тасмим мегирад".
Зелениский Путинро ба мулоқоти як ба як дар Туркия даъват карда буд ва наомадани Путин умедҳо барои даст ёфтан ба як пешрафти асосӣ барои поёни ҷанги Украинаро камранг кард.
Аз сӯи дигар, интизор мерафт, ки дар сурати ҳузури Путин дар ин музокирот, президенти Амрико Доналд Трамп ҳам ба Туркия сафар кунад.
Аммо тасмими Кремл дар мавриди иштирок накардани Путин дар ин гуфтугӯҳо, сабаб шуд, ки Трамп аз сафар ба Туркия худдорӣ кунад.