Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон дар бораи таҳаввулоти ахири минтақа ва ҷаҳон сӯҳбат намуда, бар зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар масъалаи Афғонистон, таъкид кардаанд.
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ рӯзи 17 май дар ҳошияи "Чаҳордаҳумин маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон", сурат гирифтаст. Ин ҳамоиш рӯзҳои 18-19 май дар пойтахти Эрон, баргузор мешавад.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри хабарномае навишт, ки Сироҷиддин Муҳридди ва Аббос Ароқчӣ вазъи кунунӣ ва низ дурнамои ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Теҳронро баррасӣ кардаанд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо бар тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ таъкид карданд.
Хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот доир ба таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон, табодули назар сурат гирифтааст.
Расонаҳои Эрон ҳам навиштанд, ки дар ин мулоқот аз таҳаввулоти Ховари Миёна ибрози нигаронӣ шуда, бар зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ, ба вижа мавзуи Афғонистон, таъкид шудааст.
Душанбеву Теҳрон дар даҳ соли охир робитаи печидае доштанд. Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз исломиёни мухолифи давлат муттаҳам мекард. Қарзи "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва сарнавишти пулҳои тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ, баҳси дигари тарафҳо буд.
Соли 2019, пас аз имзо шудани санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард.
Сафарҳои мақомдорони Тоҷикистон ва Эрон аз кишварҳои якдигар, дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст.
Дар моҳи апрел вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ва дар аввали моҳи ҷорӣ Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об, ба Эрон сафар карданд.
Вазири корҳои дохилии Эрон Искандар Муъминӣ ҳам охири моҳи гузашта аз Тоҷикистон дидан кард ва бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.
Тоҷикистон ва Эрон моҳи феврали имсол раводид барои шаҳрвандони ҳамдигарро бекор карданд. Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.