Бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар як соли охир тақрибан 5 000 сокини Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.
Сафорати Русия дар Душанбе мегӯяд, дар як соли охир беш аз се ҳазор сокини вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Дар бораи сокинони вилояти Суғду Бадахшон барои пазируфтани шаҳрвандии Русия иттилои дақиқ дар даст нест, аммо ин рақам ҳам то 2000 нафар тахмин зада мешавад.
Асосан афроде ба гирифтани душаҳрвандӣ ноил мегарданд, ки забони русиро хуб медонанд ва соҳиби ихтисосе ҳастанд, ки метавонад рӯзгори онҳоро дар Русия таъмин кунад. Гуфта мешавад, аксари онҳо пизишк, ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва муаллимонанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳазорон тоҷик дар талаби шаҳрвандии Русия
Моёншоҳ Маҳмадбеков, коршиноси тоҷик мегӯяд, гирифтани шаҳрвандии Русия ва кӯчидани сокинони Тоҷикистон ба Русия барои худи онҳо шояд пайомади хуб дошта бошад, вале барои кишвар падидаи манфист. Вай меафзояд, ки дар Русия раванди коҳиши аҳолӣ ба назар мерасад ва бинобар ин ҳукумати Русия талош дорад, ки аҳолии кишварашро аз ҷумлаи шаҳрвандони ҷамоҳири собиқ шуравӣ афзоиш диҳад: «Ин шаҳрвандоне, ки вориди он ҷо мешаванд, ҳам забонро медонанду ҳам урфу одатҳои давлатро ва ҳам солиму потенсиалиянд. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо ҳам дар атрофи Москав ва дигар шаҳрҳои калони Русия теъдоди табибони мо рақобатпазиранд. Он ҷавононе, ки донишгоҳи тиббиро бо забони русӣ хонда буданд, барояшон мушкиле нест.»
Аммо иддаи дигари соҳибназарон, пазируфтани шаҳрвандии Русия барои тоҷиконро равандаи ҳоизи аҳамият арзёбӣ мекунанд. Аъзамшоҳ Ширговадӣ ин равандро як амри зарурӣ медонад. Ӯ мегӯяд ин амр онҳоро аз фишори мақомоти рус наҷот хоҳад дод. Ба андешаи ҷаноби Ширговадӣ, агарчи ин раванд барои беҳтар гардидани зиндагии тоҷикон хуб бошад, аммо аз ҷониби дигар таъсири баде низ барои Тоҷикистон мегузорад.
Сафорати Русия дар Душанбе
Зеро ба таъкиди ин ҷомеашиноси тоҷик ,ҳатто Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ бо фармоне барои нафарони соҳибмаълумот додани шаҳрвандиии ин кишварро осонтар кардааст, ки ҳадаф, ҷалби "майнаҳо" -и тоза аст: «Ин роҳе аст, ки «майна»-ҳои моро онҳо ба худашон зудтар ҷалб мекунанд. Тавре дар расонаҳои худи Русия менависанд, беш аз 3000 табибони мо имрӯз он ҷо табибӣ мекунанд. Ба ғайр аз ин, боз дигар мутахассисон ҳам зиёданд, ки мехоҳанд шаҳрвандии Русияро гиранду маоши хуб дошта бошанд.»
Бархе мақомдорони тоҷик бо таваҷҷӯҳ ба алоқаи ками шаҳрвандони тоҷик ба табаъияти Русия ин равандро паёмади манфӣ барои Тоҷикистон намедонанд. Бахтиёр Холиқов, коршиноси Маркази таҳқиқотии стратегии Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд, «ҳоло шумораи ками одамон душаҳрвандӣ доранд. Вале агар баъди 20 сол ин шумора ба сад ё саду панҷоҳ ҳазор расад, шояд таъсири манфие барои мо расонад, ки рафтани ақлҳо мегӯянд. Ин ҳам дар ҳоле агар зиёиёни тоҷик раванд.»