Рӯзи 25-уми май бархе аҳзоб ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ниҳодеро бо номи Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис доданд, ки вазифаи аслии он ҳимоят аз Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик хоҳад буд. Ба ин хотир, дар чаҳорчӯби Эътилоф Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов ҳам ташкил шуд.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ба эътилоф аҳзоби мухолифи ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятиву афроди алоҳида шомил ҳастанд. Вай афзуд, ҳадаф аз ташкили эътилоф ва Кумита ба дастаҷамъӣ расидагӣ кардан ба нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аст: «Ин як ниҳоди машваратие хоҳад буд, ки ба тариқи машварат тасмим хоҳад гирифт ва ҳар касе хоҳиши ширкат дар кори онро дорад, метавонад шомили он шавад. Минҷумла, ҳоло бо бархе аз шахсиятҳои шинохтаи фарҳангиву сиёсӣ машварат дорем, ки умедворем, ба Эътилоф ворид хоҳанд шуд.»
Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори муваффақ рӯзи 19-уми май аз сӯи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Мақомоти тафтишотӣ ӯро ба гирифтани пора, қаллобӣ, сӯистифода аз мансаб ва серзанагӣ муттаҳам мекунанд. Аммо аз нигоҳи ҷонибдоронаш, ин раванд аз оғоз ғайриқонунӣ буд ва иттиҳомоте, ки алайҳи ӯ эълон шудааст, аслан заминаи сиёсӣ доранд.
Маҳмудҷон Қосимов ва Абдуғанӣ Абдулазимов
Дар ҳамин ҳол, ташкил шудани боз як эътилоф бо ширкати аҳзоби мухолифи давлат ва созмонҳои ҷамъиятиву шахсиятҳои алоҳида ба дунболи Эътилоф барои ворид кардани тағйиру иловаҳо дар қонуни интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистон аст, ки низ аз сӯи онҳо ташкил шуда буд, аммо пешниҳодҳояшро парлумони Тоҷикистон ба назар нагирифт.
Иддае аз коршиносон бо ишора ба номуваффақ будани ин гуна танзимҳо мегӯянд, муваффақиятҳои эътилофи ҷадид низ бо назардошти низоми ҳукмрон дар Тоҷикистон баъид аст. Коршинос Алӣ Мастов мегӯяд, пайдо шудани чунин танзимҳо хоси низомҳои худкома аст ва як махсусияташон ҳам ин аст, ки бетаъсир хоҳанд буд:
«Аз касе пӯшида нест, ки дар кишварҳои авторитарӣ ҳар як ташаббуси таъсир гузоштан ба равандҳои сиёсӣ зебоии ба худ хос дорад, аммо ин ҷанбаи масъала ҳам ҳаст, ки онро як низоми хашин пешвоз мегирад ва дар ин низом қонунмандӣ риоя намешавад. Мантиқан, ҳар як ташаббус ҳанӯз тавлид нашуда, дар батн кушта шудааст. Ду роҳ аст, ё «кисагӣ» бошед, ё умуман, набошед. Мо дар бораи чӣ суҳбат мекунем, вақте як ҳизби расман сабти номшуда наметавонад озодона як ҷаласаи оддӣ баргузор кунад? Ин ки эътилофу Кумита ташкил кардаанд, хуб аст, аммо бо таассуф мегӯям, ки ба натиҷае расидани он хеле мушкил аст.»
Дар ҳамин ҳол, дастандаркорони Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, то ду рӯзи дигар барномаи амали худро таҳия намуда, дар ҷаласаи навбатӣ ба баррасӣ мегиранд ва вориди амал мешаванд.