Бо эълони натиҷаҳои озмуни “Green Card” ё корти сабзи Амрико, ки яке аз роҳҳои асосӣ ва қонунии сафар ва зист дар Амрико мебошад, бархе сокинон ба марказҳои махсус рафта номи худро месанҷанд. Ин бор санҷиши номи довталабон ё пурсуҷӯи сокинон барои сафар ба Амрико дар ҳоле сурат мегирад, ки баъди сари қудрат баргаштани президент Доналд Трам, дар ин кишвар сиёсати мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар шудааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ, Сафаралӣ Шукуров, сокини Душанбе, ки имсол дар озмуни "Green Card" баранда шудааст, бо эҳтиёт санадҳояшро таҳия мекунад, то дар оянда барояш мушкил пеш наояд.
Ӯ рӯзи 12-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди шунидани хушхабар, акнун дар тараддуди кӯчидан ба Амрико мешавад. Мегӯяд, интизор надошт, ки ғолиби лотерея мешавад.
“Як ҳафта шуд, ки ҷавобаш омад, ки гузаштаед. Ҳамон одаме, ки дар пур кардани ариза кӯмак кард, дар WhatsApp-ам навишт, ки «шумо гузаштед”. Ман бори аввал аст супоридам, хеле хурсанд шудам, ки гузаштам”.
Чанде аз наздикони Сафаралӣ дар Амрико ҳастанд ва ӯ низ мехоҳад рафта, дар онҷо кору зиндагӣ кунад.
Бархе сокинон мустақилона дар вебсайти махсус месанҷанд, ки аз озмун гузаштаанд ё не, дигарон бо кӯмаки марказҳои хидматрасон ин корро анҷом медиҳанд.
“Гринлайт” аз ширкатҳоест, ки ба қабулу пур кардани аризаи хоҳишмандон машғул аст. Рустам Умаров, роҳбари ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи эълони натиҷаҳо барои санҷишу тафтиши номҳо, муштариён ба онҳо зиёд муроҷиат мекунанд.
“Бале, 4-уми май, соати 9-и бегоҳӣ ҷавобҳои “Грин корт” баромаданд. Аллакай тариқи WhatsApp ва Telegram ба мо менависанд, занг мезананд. То ҳол санҷиш идома дорад. Онҳое, ки мефаҳманд, ки гузаштанд, хеле хурсанд мешаванд. Бовар мекунанд, мегӯянд, “мо якум бор супоридем». Ҳаст одамоне, ки 10 бор супориданд, дар 11-ум бор мегузаранд, умедро аз даст додан лозим нест», - афзуд ӯ.
Баъзе довталабони озмуни “Грин корт” гуфтанд, аз санҷишҳои ахири муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Амрико хабар доранд ва бо таваҷҷӯҳ ба ин эҳтиёткор низ шудаанд.
Сафаралӣ Шукуров, ҳамсуҳбати мо, ки ғолиби озмун шудааст, ҳоло мегӯяд, дар ёдаш ҳамеша ҳаст, бояд “ҳуҷҷатҳо хато нараванд, мегӯянд, ки дар он тараф (манзур Амрико - РО) баъд мушкил пеш меояд”.
“Дар Интернет, Инстаграм дидам, ки гуфта шудааст, президент нав шудааст, нисбати муҳоҷирони ғайриқонунӣ санҷиш гузаронида истодаанд. Хайр, гуфтем, меравем, ҳуҷҷатҳоямонро дуруст мекунем. Қонунӣ рафтан, қонунӣ гаштан беҳтар аст нисбат ба он ки тарсида ғайриқонунӣ мегардӣ,” – гуфт Алиҷон Субҳонзода, сокини дигари шаҳри Душанбе.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонуниро дар асоси барномаи фарогири давлатӣ ба роҳ монд, гуфт, ҳадафи асосӣ гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ ва ворид шудани афроде мебошад, ки, аз ҷумла, бо қочоқи маводи мухаддир машғул мешавад. Дар саросари ИМА дар давоми моҳҳои аввали соли 2025 садҳо амалиёт зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба роҳ монда шуд, ҳазорон муҳоҷир боздошту ихроҷ гардид. Исми 149 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам дар феҳрасти онҳое ҳаст, ки бояд аз Амрико ихроҷ шаванд, ворид шудааст.
Вале бо ин вуҷуд, таваҷҷӯҳи хоҳишмандони зисту зиндагӣ дар Амрико кам нашудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Роҳи 3 ҳазор тоҷик ба Амрико боз шуд?
Мустафо Бурҳонов, масъули ширкати Green-Card.tj ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон дар бораи барномаи Green-Card зиёд мепурсанд: “Аз 4-ум, ки натиҷаи “Грин корт” баромадааст, бисёр ба мо менависанд, ки кай мо супорем ё ҳамин коди моро тафтиш кунед”.
Дарёфти корти сабз ҳанӯз роҳи ҳамвор ба Амрико нест ва кафолати онро надорад, ки шумо виза ё раводиди ин кишварро ба даст меоред.
Ҳикматулло Бобоалиев, сокини Душанбе аз зумраи онҳест, ки ғолиби озмуни «Грин корт» шуда буд, вале натавонистааст ба Амрико биравад. Мегӯяд, соли 2023, ки ғолиби озмун шуда буд, барои суҳбату дастрас намудани раводид ба сафорати Амрико дар Душанбе даъват нашуд.
Худи ӯ сабабро чунин арзёбӣ кард: “Ба фикрам ҳамон сол то 33 ҳазор одамро қабул карданд, баъди он дигаронро даъват накарданд”. Маълум нест ин гуфтаҳои ӯ то куҷо воқеият дорад. Амрико барои муҳоҷирон кишвари фурсатҳо ва ҷойи кору ояндаи хубе арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, аз ҳар гӯшаи дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, бо ҳар роҳе талош мекунанд, ба ин кишвар бирасанд. То кунун омори куллии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико нашр намешавад, вале бовар меравад, ки шумори онҳо даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад.