Дар як тасодуфи роҳ дар шаҳри Кӯлоб се мошин бо ҳам бархӯрда, ду кас осеби сахт дидаанд.
Ҳодиса баъд аз зуҳри 24-уми апрел дар маҳаллаи Саидалӣ Вализода, ки бо номи ба номи Хирмано маъруф, рӯй дод.
Муҳиддин Олимови 30-сола ва Амирҷон Давлатови 29-сола дар шуъбаи эҳё бистарӣ ҳастанд.
Дар бемористони ба номи Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "ҳарду дар ҳолати вазнин ҳастанд. Аз мағзи сар то шикастани дасту пой ҳаст."
Дар навори дурбинҳои сари роҳ дида мешавад, ки як мошин бо суръати баланд ба самти муқобили роҳ баромада, бо як "Тангем" ва як "Опел" бархӯрдааст. Аксу наворҳои зиёде низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Боз як сонеҳаи сахт дар канори Кӯлоб
Садама ё тасодуфҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар соли 2024 сабаби марги 552 кас шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин сол ҷамъан зиёда аз 1200 садама рух дод.
Беш аз 1350 каси дигар маҷруҳ гаштаанд. Аз ин шумора дар соли 2024 122 ҳолати он ба вилояти Хатлон рост меомадааст, ки 67 нафар ҷони худро аз даст дода, 134 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Суръати баланд, дар ҳолати мастӣ рондани мошин ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат сабаби маргумир дар роҳҳо гуфта мешавад.