Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон гуфт, дар Беларус бародари хурдии хабарнигор Иҳар Лосик – Никита Лосикро ҳабс кардаанд. Бунёди "Краіна для жыцця" («Кишваре барои зиндагӣ») мегӯяд, Лосикро миёнаҳои моҳи апрел боздошт карда ҳоло ӯ дар зиндон ба сар мебарад.
Лосикро барои ирсоли аксҳое аз ҳаракати техникаи ҳарбии Русия дар соли 2022 ба телеграм-канали "Белорусский Гаюн" бар асоси моддаи “мусоидат ба фаъолиятҳои ифротгароёна” гумонбар медонанд. Лосикро дар боздоштгоҳи Витебск нигоҳ медоранд.
Никита Лосик бародари хурдии Иҳар Лосик аст, ки дар Беларус ба 15 соли ҳабс маҳкум шудааст. Ӯро барои ташкили беназмиҳо ва барангехтани адоват дар ҷараёни маъракаи интихоботии номзади мухолифон Сергей Тихановский гунаҳгор кардаанд.
Лосик аз июни соли 2020 дар ҳабс аст. Ҳамсари ӯ – Даря ҳам давоми ду сол бо иттиҳоми гӯё фаъолияти ифротгароёна дар зиндон буд. Иҳар ва Даря Лосикро маҳбуси сиёсӣ мешуморанд. Волидони Иҳар Лосик бори охир феврали соли 2023 аз ӯ нома дарёфт карда буданд.