Барои ҳавопаймои президенти Тоҷикистон дар Фурудгоҳи Душанбе ангар (hangar) ё маҳалли нигаҳдорӣ сохтаанд.
Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми апрел қарори ҳукуматро дид, ки дар он омадааст, сохтмони ангар барои ҳавопаймои "Боинг 787-800 Дримлайнер" ба анҷом расида, комиссияи давлатӣ бояд онро қабул кунад.
Як муовини сарвазир роҳбари комиссия шуда, намояндагони қариб ҳама ниҳодҳо ба он шомил ҳастанд. Аммо дар ин санад гуфта нашудааст, ки маҳалли нигаҳдории ҳавопаймои раисҷумҳур бо чӣ қадар маблағ ва давоми чанд сол сохта шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2023 ҳавопаймои "Боинг 787-800 Дримлайнер"-ро бо 92 миллион доллар аз Мексика харид. Ин навъи ҳавопаймоҳо асосан барои раҳбарони давлатҳо аст ва сарватмандоне, ки ҳавопаймои хусусӣ мехаранд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ин ҳавопайморо дар сафар ба минтақаҳо ва хориҷи кишвар истифода мекунад.
Раисҷумҳур пештар бо ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” парвоз мекард.
Хариди ҳавопаймои алоҳида барои президент вокунишҳои зиёд дар дохилу хориҷ ба миён оварда буд.