Бештарин шумори барандаҳои имсолаи Green Card аз Узбекистон мебошанд

Ширкате дар Тоҷикистон хадамоти пуркунии аризаи шаҳрвандон барои Green Card-ро ба роҳ мондааст

Имсол дар миёни кишварҳои ҷаҳон Узбекистон шумори бештари лотереяҳои Green Card ё ҳақи иқомату кор дар Амрикоро бурдааст. Дар маҷмӯъ 5564 шаҳрванди Узбекистон барандаи Корти сабз шуданд. Дар ҷои дуюм Алҷазоир аст, ин ҷо 5526 нафар баранда шудаанд.

Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам шумори ғолибони Green Card ба садҳо нафар мерасад. Дар Қирғизистон 3095, дар Тоҷикистон 2982, дар Қазоқистон 2004 ва дар Туркманистон 2010 нафар дар лотерея дастболо шуданд.

Дар ин бора 13 май маркази консулии Кентакки тавассути сомонаи расмии барномаи Green Card хабар додааст.

Дар кишварҳои Русия, Эрон, Афғонистон ва Украина ҳам шумори барандаҳои корти сабз аз 4 то 5,5 ҳазор нафар мерасад.

Дар маҷмӯъ дар саросари ҷаҳон имсол 131060 нафар барандаи корти сабз шуданд. Вале таъкид мешавад, ки виза барои бурдани корти сабз аз ин шумор мардум танҳо ба 55 ҳазор нафар дода мешавад.

Green Card санади расмӣ буда, ба шаҳрвандони хориҷӣ имкони кору зиндагии қонунӣ дар хоки Амрикоро фароҳам мекунад. Ин санад роҳро барои гирифтани шаҳрвандии ИМА ҳам боз мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Бахти Сафаралӣ дар Green Card хандид. Аз дигарҳо чӣ? "Ин таҷриба то ба ҳол вуҷуд надошт." Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Амрико"Баъзе муҳоҷирони рондашуда аз Русия мехоҳанд, ба Амрико раванд"