Бонки Осиёии Рушд тасдиқ кардааст, ки барои сохтмони неругоҳи “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, мавзӯи сармоягузории БОР ба неругоҳи “Роғун” рӯзи 7-уми май дар дидори муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон бо роҳбари Бонк дар шаҳри Милани Италия баррасӣ шудааст.
"Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда бори дигар омодагии бонкро барои ҷудо намудани 500 миллион доллари ИМА барои ин лоиҳаи муҳим тасдиқ намуд,"-омадааст дар хабари расмӣ.
Аммо ду тараф ҷузъиёти ин созишнома ошкор накардаанд. Азҷумла маълум нест, ки Бонки Осиёии Рушд кай ва бо кадом шартҳо барои неругоҳи “Роғун” 500 миллион доллар медиҳад?
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки барои бунёди неругоҳи “Роғун” аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ сармоя ҷалб кунанд. Рӯзи 17-уми декабри соли 2024 Бонки ҷаҳонӣ барои “Роғун” 350 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ҷудо кард.
Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳи "Роғун" ҳамчунин аз Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ва Инфрасохторӣ 270 миллион доллар қарз гирифтааст. Вале шарту шароити гирифтани маблағ аз ин бонки чинӣ маълум нест.