Дар Қирғизистон як каси дигарро бо гумони ҷалби шаҳрвандони ин кишвар барои ҷангидан аз ҷониби Русия алайҳи Украина дастгир кардаанд.
Расонаҳои Русия рӯзи 24-уми апрел аз ӯ Виктор Василев ном бурданд.
Хабарнигорони таҳқиқотгар навиштаанд, ки саҳифаи Василев дар Телеграм бахше аз "шабакаҳо"-и Евгений Пригожин, муассиси ширкати муздурони "Вагнер" аст ва эҳтимол худи ӯ бо хадамоти ҷосусии Русия пайванд дорад.
Аз ин пеш бо гумони ҷалби зархаридон дар Қирғизистон чаҳор нафар боздошт шуданд. Рӯзноманигорони бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 23-юми апрел ду нафари онҳоро маълум карданд: Наталя Секерина, корманди "Русский дом" ва Сергей Лапушкин, корманди ҳукумати Уш. Додгоҳе дар шаҳри Бишкек қарори ҳабси чор нафарро содир кардааст.
Мақомоти Қирғизистон ҳанӯз нагуфтанд, ки ин афрод чанд касро барои пайвастан ба сафи артиши Русия ҷалб кардаанд. Ин ҳам зикр нашудааст, ки онҳо аз кай ба ин кор машғул буданд.
Наталя Секерина аслан рӯзноманигор аст ва дар Уш, бузургтарин шаҳри ҷануби Қирғизистон, зиндагӣ мекунад. Ӯ дар солҳои охир дар хадамоти матбуотии "Русский дом" дар Уш кор мекард.
Маркази "Россотрудничество" дар Қирғизистон аз боздошти Наталя нигаронӣ кардааст. Дар баёнияи созмон гуфта шудааст, ки ӯ шаҳрванди Қирғизистон аст. "Бовар дорем, ки ҳуқуқи корманди мо ҳифз ва амнияташ кафолат дода мешавад. Умедворем, ки тафтишот мӯйро аз хамир ҷудо мекунад. Пешопеш хотирнишон мекунем, ки Маркази фарҳангии Русия дар доираи созишномаи миёни Русия ва Қирғизистон тибқи қонун амал мекунад," – гуфта шудааст дар баёния.
Дар аксҳо дида мешавад, ки Сергей Лапушкин, корманди ҳукумати Уш, низ дар чорабиниҳои "Русский дом" фаъолона ширкат мекардааст.
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қирғизҳоро ба ҷанги Русия дар Украина кӣ ҷалб кард?
Сиёсатшинос Эмил Ҷӯраев мегӯяд, "пас аз боздошти Лапушкин суоле пайдо шуд, ки чӣ тавр як корманди ҳукумат ба чунин кор ҷалб шудааст? Ин ҳушдори ҷиддист, ки сохторҳои давлатӣ дар баробари нуфузи кишварҳои дигар осебпазиранд. Уш, бузургтарин шаҳри Қирғизистон, як минтақаи муҳими стратегӣ аст ва ҳар гуна таъсири беруна дар ин ҷо ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ арзёбӣ мешавад.”
Ин сиёсатшинос афзуд, мақомоти Қирғизистон аз ибтидо ширкати шаҳрвандони ин кишварро дар ҷанги зидди Украина ҷиддӣ гирифтаанд, ҳарчанд Бишкек дар аксар масоил ба Маскав садоқат нишон медиҳад.
"Барои кишвари мо ин як масъалаи муҳими сиёсӣ аст. Агар ба Маскав ҳам хуш наояд, бояд дарк кунад, ки мо чунин беадолатиро қабул надорем, ки дар кишвари мо одамони марбут ба маркази "Русский дом" шаҳрвандонро ба ҷанг ҷалб мекунанд," – шарҳ дод ӯ.
Додгоҳ қарор кард, ки гумонбарон то 17-уми июн дар ҳабс мемонанд. Агар гуноҳашон собит шавад, бо иттиҳоми ҷалб ба ҷанг онҳоро аз 7 то 17 сол зиндон интизор аст.
Дар Қирғизистон то кунун се касро барои ширкат дар ҷанги Украина ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Пурсарусадотарин парванда боздошти Аскар Кубаничбек буд, ки додгоҳи Бишкек ӯро ба даҳ сол маҳкум кард ва баъдан бо шарти берун нашудан аз кишвар раҳо намуд. Сипас, ӯ аз Қирғизистон фирор кард ва дар Русия шаҳрвандӣ гирифт ва эълон кард, ки боз ба ҷанг меравад.