Як афсари пешини милисаро дар Тоҷикистон баъд аз ҳафт соли ҷустуҷӯ пайдо ва боздошт кардаанд. Маҳмадулло Идиев ба марги Толибҷон Дӯстов, сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, гумонзад аст ва аз соли 2018 дар кофтукоби байнулмилалӣ қарор дошт.
Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел хабар дод, ки Идиев ду ҳафта пеш ҳангоми бозгашт аз Русия дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дастгир шуда, дар боздоштгоҳ қарор дорад. Парвандаи ӯ бо айбномаи "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ" таҳқиқ мешавад.
Толибҷон Дӯстов дар моҳи июли соли 2017, баъди боздошташ бо гумони қочоқи маводи мухаддир ҷон бохт. Пайвандонаш даъво доштанд, ки Дӯстов дар пайи латукӯби корманди милиса даргузашт. Ду нафаре, ки ҷасади ӯро шустаанд, низ шоҳидӣ доданд, ки дар бари рӯй ва назди гӯши чапаш доғҳои сиёҳро диданд.
Он замон мақомот сабаби марги Толибҷон Дӯстовро сактаи қалбӣ гуфта, аммо дертар алайҳи афсари милиса парванда боз карданд. Муҳокимаи Маҳмадулло Идиев дар моҳи январи соли 2018 шуруъ шуда, додситон дар моҳи июни ҳамон сол ба ӯ нуҳ сол зиндон хост, вале баъди ҳамин муҳокима афсари милисаро дигар наёфтанд. Идиев то он вақт бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ буд.
Эътилофи зидди шиканҷа дар баёнияе рӯзи 23-юми апрел гуфт, бо вуҷуди он ки дар боздошт ва марги Толибҷон Дӯстов камаш се каси дигар даст доранд, мақомот танҳо алайҳи Маҳмадулло Идиев айбнома эълон карданд.
"Шоҳидон ҳамаи онҳоро шинохтанд, аммо додситонӣ аз боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи дигарон, аз ҷумла тибқи моддаи "шиканҷа" худдорӣ кард. Хешовандони Дӯстов ва ҳомиёни ҳуқуқ солҳо боз ба мақомоти ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ шикояту дархост фиристода, хоҳони ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи онҳо буданд," – гуфта шудааст дар баёния.
Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон ҳамеша танқид мешавад. Созмони Милали Муттаҳид дар гузашта гуфтааст, ки дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ боздоштшудагонро азоб медиҳанд ва додгоҳҳо низ эътирофи онҳоро ба инобат мегиранд, ки мухолифи қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист.
Мақомоти Тоҷикистон онро “худиқрорӣ” меноманд, ҳарчанд марги мармузи баъзе аз боздоштшудаҳо гуфтаҳои онҳоро зери суол мебарад. Дар баъзе маврид кормандони ниҳодҳои қудратӣ барои шиканҷа ҷазо мегиранд, аммо дар ҳолатҳои дигар касе муҷозот намешавад.
Яке аз намунаҳо қазияи Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб, аст, ки моҳи январи соли 2023 баъди чанд соати дастгир шудан аз сӯи кормандони милиса даргузашт. Се афсари милиса барои шиканҷаи Розиқов 14-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.
Дар марги Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдат, касе ҷазо нагирифт. Гадозодаи 33-сола моҳи апрели соли 2021, баъд аз чанд соати боздошт аз сӯи маъмурони милисаи шаҳри Ваҳдат, дар шароити мармуз ҷон бохт. Дар оғоз нисбат ба як корманди милиса барои хунукназарӣ парванда кушоданд, аммо бар асоси қонуни афв ӯро аз ҷавобгарӣ озод карданд.