Боздошти як гумонбар дар парвандаи қатли генерали рус

Ярослав Москалик

Хадамоти федероли амнияти Русия (ФСБ) аз боздошти як нафар бо иттиҳоми даст доштан дар қатли генерал Ярослав Москалик хабар додааст. Ин низомии баландпояи Русия рӯзи 25-уми апрел, дар таркиши мошин дар наздикии шаҳри Маскав кушта шуд

Ба иттилои мақомоти бехатарии Русия, боздоштшуда Игнат Кузини 42-сола ва зодаи шаҳри Суми будааст. Дар иттилоияи ФСБ омадааст, ӯ ҳаққи иқомати Украинаро дошт.

Мақомоти тафтишотии Русия гуфтаанд, Кузин дар зери мошине, ки қаблан харида буд, маводи таркандаи худсохт гузошта, баъдан онро дар назди хонаи генерал Москалик гузоштааст.

Дар ҳоле, ки назари мақомоти Украина ба қазия маълум нест, Хадамоти бехатарии Русия иддао кардааст, ки Киев дар ин ҳамла даст дорад.

Игнат Кузинро барои пурсуҷӯ ба Кумитаи тафтишотии Русия бурдаанд.

Генерал Ярослав Москалик дар чор моҳи охир дуввумин мансабдори рус аст, ки дар масофаи наздик ба хонааш кушта мешавад. Москалик дар солҳои 2015 ва 2019 дар музокироти “шакли Нормандӣ” дар бораи Украина нақши калидӣ дошт ва соли 2018 дар музокирот бо президенти вақти Сурия, Башор Асад дар ҳайати Русия шомил буд.