Чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора поин шуд?

Арзиши доллари Амрико дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, ба таври назаррас поён рафтааст.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми апрел 100 доллар ба 1071 сомонӣ баробар аст. Се рӯз пеш 1081 сомонӣ арзиш дошт.

Қурби доллар дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз ин ҳам поинтар аст. Рӯзи душанбе дар бонкҳои тиҷоратӣ 100 доллари амрикоӣ аз 1045 то 1055 сомонӣ арзиш дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ ҳанӯз сабаби якбора поин шудани қурби долларро дар баробари пули миллии сомонӣ шарҳ надодаанд.

Маъмулан дар Тоҷикистон ҳар бор, ки қурби доллар боло равад, бисёре аз молу маҳсулот ва хадамот гарон мешаванд. Сокинон шикоят доранд, ки агар қурби доллар паст шавад, нархҳо поин намераванд.

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон вазъи асъори хориҷиро ба тақвияти пули миллӣ низ рабт медиҳанд, ба сурати умум бозори пули Тоҷикистон аз қурби рубли Русия, доллари Амрико ва юани Чин бастагии зиёд дорад.