Чин барои молҳои воридотӣ аз Иёлоти Муттаҳида 84 дарсад боҷ ҷорӣ кард.
Ин иқдом рӯзи 10-уми апрел ба иҷро медарояд ва посух ба таърифа ё боҷҳоест, ки аз сӯйи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҷорӣ шуда, боис ба шиддат гирифтани ҷанги тиҷоратӣ миёни ду иқтисоди бузурги ҷаҳон гаштааст.
Таърифаҳои Амрико алайҳи Чин дар маҷмуъ ба 104 дарсад расид ва рӯзи 9-уми апрел ба иҷро даромад.
Вазорати тиҷорати Чин дар баёнияе гуфт, "агар Иёлоти Муттаҳида ба сахттар кардани маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ пофишорӣ кунад, Чин иродаи қавӣ ва василаҳои фаровоне дорад, ки чораҳои зарурӣ андешад ва то ба охир мубориза барад."
Нигарониҳо аз пайомади таърифаҳо боис ба "нооромӣ" дар бозори саҳом дар ҷаҳон шудааст, аммо ин ошуфтагӣ Трампро мутаассир накардааст. Вай баръакс гуфт, ки таърифаҳо "дору" ҳастанд ва аз ӯ мавқеи худ пас нахоҳад гашт.
Трамп рӯзи 8-уми апрел гуфт, кишварҳо "муштоқ"-и музокирот дар мавриди қарордодҳои тиҷоратии нав ҳастанд.
Скотт Бессент, вазири молияи Амрико, рӯзи 9-уми апрел чораи охири Чинро маҳкум кард. Ӯ дар мусоҳиба бо Fox Business Network гуфт, "мутаассифона, чиниҳо намехоҳанд биёянду музокира кунанд, зеро онҳо бадтарин хилофкорони низоми тиҷорати байнулмилалӣ ҳастанд."
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел ҷамъ шуда, дар мавриди чораҳои мутақобил раъй доданд. Вашингтон ба молҳои Иттиҳоди Аврупо таърифаи 20-дарсадӣ ҷорӣ кардааст.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тарҳи Иттиҳоди Аврупоро дид, ки аз 15-уми апрел ба иҷро медарояд ва тибқи он барои як зумра молҳои Амрико, аз ҷумла пӯлоду либосу хӯрок 25 дарсад боҷи изофӣ ҷорӣ шудааст.