Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 19-ум то 25-уми май дар саросари Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои оммавӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол 22-юми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни устураҳои футболи Тоҷикистону Русия доир мегардад.

Ба ҳайати дастаи собиқадорони тоҷик бозигароне, ки дар рушди футболи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, шомил хоҳанд шуд.

Дар ҳайати мунтахаби устураҳои Русия футболбозони маъруф, ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков ва дигарон иштирок хоҳанд кард.

Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни қаҳрамони кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мегардад. Бозӣ 25-уми май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе, 19-уми май дар қароргоҳи даста воқеъ дар дараи Алмосии Ҳисор ҷашнвораи футбол бо барномаҳои рангини варзишию фарҳангӣ доир хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) эълон намуд, ки рӯзҳои 21–25-уми май чорабиниҳои Ҳафтаи ҷаҳонии футбол ба таври густарда барпо мегардад.

Ҳафтаи мазкур ба хотири Рӯзи ҷаҳонии футбол (25-уми май) бахшида мешавад, ки он тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст.

Футбол яке аз намудҳои маъмултарини варзиш дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва Англия ватани он ҳисобида мешавад, ки аввалин мусобиқаи расмӣ соли 1872 дар қаламрави ин кишвар баргузор шудааст.

Аз он замон то инҷониб 22 мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол сурат гирифтааст, ки охиринаш соли 2022 дар Қатар доир гаштааст.

Ҳоло футбол на танҳо бозӣ, балки як тиҷорати бузурги варзишӣ низ мебошад. Футболбозони маъруфи ҷаҳон маоши калон мегиранд.

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) нақшаҳоеро эълон кардааст, ки мувофиқи он то соли 2026-ум шаст дар сади аҳолии ҷаҳон ба футбол машғул хоҳанд шуд.

FIFA ният дорад, ки барои рушди ин бозӣ чор миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Футбол дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми қарни гузашта роҳандозӣ шудааст. Соли 1937 аввалин мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баргузор шуда буд.

“Динамо”-и Сталинобод (ҳозира Душанбе) аввалин дастаест, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Ин даста, ҳамчунин, аввалин барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад. Соли 1992 Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1994 ба узвияти AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва FIFA пазируфта шудааст. Аз соли 1992 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барпо мегардад. Аввалин қаҳрамони Тоҷикистон дар замони истиқлолият дастаи “Помир”-и Душанбе мебошад.

Дастовардҳои бузурги футболи тоҷик дар тули беш аз 50 сол ба "Помир" марбут аст, вале ин дастаи машҳур, ки аз байн рафтааст, боиси нигаронии ҳазорҳо мухлисонаш гардидааст.

Дар замони истиқлолият бошад, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки 13 бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, муваффақтарин аст.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар доир гардид, иштирок карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар Тоҷикистон занон низ ба футбол машғуланд. Дастаҳои мунтахаби футболи духтарон ва тими миллии занонаи Тоҷикистон ҳамасола дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ва қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) ширкат меварзанд.

Дар Тоҷикистон барномаи давлатии рушди ин навъи олимпии варзиш дар кишвар қабул шудааст.

Ба ин тартиб, футбол ҳамчун варзиши рақами як дар Тоҷикистон бозии дӯстдоштаи ҳазорҳо кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолон гаштааст.