Дар Қазоқистон мехоҳанд барои маҷбур кардан ба издивоҷ, ҷазои ҷиноӣ ҷорӣ кунанд. Дар ин бора ба Бахши қазоқии Радиои Озодӣ Мурат Абенов, як вакили Маҷлиси Қазоқистон хабар дод.
Ӯ гуфт, пешниҳод мешавад, ки барои содир кардани чунин ҷиноят ҳадди аксар 7 соли ҳабс ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи Абенов, ҳоло дар парлумон мизони ҷазо ҳам барои арӯсрабоӣ ва ҳам барои маҷбур кардан ба издивоҷ баррасӣ мешавад ва ин намуд ҷиноятҳо аз ҷаримабандӣ то ҳабси воқеиро пешбинӣ хоҳанд кард.
Ин вакили маҷлис гуфт, ки дар давоми се соли гузашта ба сохторҳои ҳифзи қонуни Қазоқистон 214 аризаи шикоятӣ дар заминаи рабудани занон бо мақсади ба ақди никоҳи худ даровардани мардон ворид шудааст, вале аз ин ҳамаи шикоятҳо танҳо даҳ ададаш то ба додгоҳ расидааст.
Дигар парвандаҳоро бо сабаби "набуди ҷиноят" бастаанд, ҳарчанд ҷабрдидаҳо собит кардаанд, ки онҳоро берун аз хоҳишашон рабуда, нисбаташон зӯр истифода шудааст.
Ҳоло қонунгузории Қазоқистон ҳолатҳои дуздии занонро бо мақсади арӯсӣ аз рӯи моддаи "одамрабоӣ" баррасӣ мекунанд.