Як манбаъ дар ҳукумати Толибон дар гузаргоҳи Турхам ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ рух додани ин даргириро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёти зиёд надод.
Як мақоми пулиси Покистон ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин даргирӣ се сарбози онҳо ва як ғайринизомӣ захмӣ шуданд.
Ин мақоми покистонӣ иддао кардааст, ки ҷанг аз сӯи нерӯҳои марзии Толибон оғоз шуд ва афроди Толибон "Посгоҳи бозрасии Аюб"-ро дар Турхам ҳадаф қарор доданд.
Табибони бемористони Ландикӯтал дар наздикии марз мегӯянд, ки ҷасади як ронандаи маҳаллӣ, ки дар ҷараёни даргирии ҷонибҳо кушта шуд, ба ин бемористон мунтақил шудааст.
Мардуми маҳал ба Радиои Машъал гуфтаанд, ки дар натиҷаи тирандозӣ, мардуми деҳаҳои атроф фирор кардаанд.
Ҳанӯз сабаби даргирии ахир миёни нерӯҳои амниятии Покистон ва Толибон дар марзи Турхам маълум нест. Аммо музокироти рӯзи якшанбеи ду ҷониб дар мавриди бозкушоии гузаргоҳи Турхам бенатиҷа поён ёфтааст.
Марзи Турхам аз 21 феврал ба ин сӯ барои рафтуомад баста аст. Ин муҳимтарин гузаргоҳ байни ду кишвар ба шумор меравад.