Дар Душанбе рӯзи 15 май мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Комиссари олии САҲА оид ба масоили аққалиятҳои миллӣ Кристоф Камп баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи ВКХ Тоҷикистон хабар додааст. Дар иттилоия мухтасаре, ки нашр шудааст, танҳо гуфта мешавад, ки “ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар доираи ченаки инсонии САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд”.
Оҷонсии “Авеста” дар тафсилоти ин хабар навиштааст, ки дар ҷараёни мулоқот ба мавзӯи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои аққалиятҳои миллӣ, ризоияти байниқавмӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир шудааст. Ҷузъиёти гуфтугӯҳо нашр намешавад, вале баъди соли 2021 созмонҳои байналмилалии шарики Тоҷикистон, мисли СММ ва САҲА аз поймолшавии ҳуқуқи сокинони ВМКБ ҷиддан изҳори нигаронӣ мекунанд.
Солҳои 2021 ва 2022 дар ин минтақа эътирозҳои сокинон аз қонуншиканиҳои бархе ходимони ҳифзи қонун бо шеваи пурхушунат саркӯб шуд, 34 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ гардиданд, дар пай дар мурофиаҳои баставу ношаффоф даҳҳо тани дигар ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Тоҷикистон барои поймол кардани ҳуқуқи помириҳо, ки мардуми шиамазҳаби асосан сокини ВМКБ мебошанд, интиқод мекунанд, вале мақомот дар Душанбе ин танқидҳоро қабул надоранд.
Тибқи гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз январи соли 2025 мақомот дар Тоҷикистон таҳқиқи бетарафонаи саркӯби эътирозгаронро дар солҳои 2021 ва 2022 дар ВМКБ ба роҳ намонданд ва аъзои ҷомеаи помириҳо ҳанӯз аз таъқибу фишори зиёд шикоят доранд.