Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 28-уми апрел бо имзои як фармони иҷроӣ талаб кард, ки ҳамаи ронандагони мошинҳои борбар (truck drivers) дар ин кишвар бояд пеш аз шурӯи кор имтиҳони дониши забони англисӣ супоранд. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом бо ҳадафи “таъмини амнияти оилаҳои амрикоӣ дар роҳҳо” анҷом дода мешавад.
Бар пояи ин фармон, Вазорати нақлиёти Амрико вазифадор шудааст, ки роҳнамои пешинаро, ки талаботи донистани забони англисиро суст мекард, бекор кунад.
“Президент Трамп бар он аст, ки донистани забони англисӣ барои ронандагони касбӣ шарт аст ва набояд нодида гирифта шавад. Онҳо бояд битавонанд аломатҳои роҳро хонанд, бо кормандони полис, гумрук, назорати вазни бор ва мақомоти дигар бо осонӣ гуфтугӯ кунанд”, — омадааст дар шарҳи расмии фармон.
Таъсири фармон ба муҳоҷирони тоҷик чист?
Теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Иёлоти Муттаҳида ронандаи мошини борбар ҳастанд, аммо бахше аз онҳо ба таври кофӣ забони англисиро намедонанд. Бо татбиқи фармони нав, эҳтимол бисёре аз онҳо бо душворӣ ва маҳдудият дар идомаи кор рӯбарӯ шаванд.
Аксар муҳоҷирони тоҷик дар мактбаҳои ронандагии аёлати Пенсилвания ва Флорида, ки русзабонҳо таъсис додаанд, муддати кӯтоҳе таҳсил карда, ҳуҷҷати ронандагии мошинҳои боркашон ё CDL-ро ба даст меоранд. Омӯзгорони аксар чунин мактабҳо рус, узбек ва гоҳе тоҷик ҳастанд, ки имкон медиҳад муҳоҷирон бо ин забонҳо муошират карда, дар ниҳоят ҳуҷҷати ронандагӣ бигиранд.
Дар гузашта, тибқи як ёддошт аз соли 2016 аз ҷониби маъмурияти президенти собиқ Барак Обама, ронандаҳое, ки ба англисӣ гап зада наметавонистанд, аз ҳаққи идораи мошини боркашон маҳрум намешуданд. Бо қарори нав ҳар ронандае, ки дар имтиҳони забони англисӣ ноком мешавад ва пулиси роҳ ҳангоми санҷиш англисӣ надонистани ронандаро ошкор мекунад, ҳақ ҳоҳад дошт, ҳамон замон ҳуқуқи ронандагии ӯро маҳдуд кунад.
Созмонҳои марбут ба саноати нақлиёт, аз ҷумла Анҷумани соҳибони мошинҳои шахсӣ (OOIDA) аз ин иқдоми Доналд Трамп истиқбол карданд. Ба гуфтаи онҳо, донистани забони англисӣ барои таъмини амнияти роҳҳо ва пешгирӣ аз тасодуфҳо аҳамияти муҳим дорад.
Бо назардошти шумораи зиёди муҳоҷирони тоҷик дар ин соҳа, ин фармон метавонад зарурати омӯзиши забони англисиро миёни онҳо афзоиш диҳад.