Аммо ҳоло тарҳи ин боғ танҳо рӯи қоғаз аст ва ҳатто маълум нест, ки барои он дар кадом гӯшаи шаҳр замин ҷудо хоҳад шуд. Феълан 117 навъи ҷонвар бо орзуи чунин ояндаи беҳтар дар 4,3 гектар замини қадимии боғ, дар канори варзишгоҳи марказӣ ва рӯдхонаи Душанбе нигаҳ дошта мешаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сайре дар Боғи ҳайвоноти Душанбе
Ин боғ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ бино шуда, аз он даврон тағйири зиёде надидааст. Аммо бо шароит ҳам зоҳиран боғи ҳайвоноти Душанбе чандон бетамошобин нест.
Бо вуҷуди ҳавои сард ва барфи баланд, садҳо нафар, бештар кӯдакону ҷавонон, ки давраи таътил доранд, бар ивази аз 1 то 2 сомонӣ бо як шавқу шӯр барои ошноӣ бо олами вуҳуш ба ин боғ меоянд.Фаррух ва Фирдавс, ки соле чанд бор аз ин боғ дидан мекунанд, мегӯянд, наззораи ҷонварони бузургҷусса аз фосилаи наздик ҷолиб аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Оё Шумо ба Боғи ҳайвонот меравед?
Масъулони «Боғи ҳайвонот» мегӯянд, ки ин боғ дар маҷмӯъ аз 6 бахш иборат буда, дар онҳо беш аз 800 ҷонвар ҷой дода шудаанд. Боғи ҳайвоноти Душанбе дар ҳоли ҳозир соҳиби 7 шер, 2 бабр, 8 маймун, 18 хирс ва навъҳои мухталифи паррандагони нодир аст. Вале орзуи дубора ба ин боғ овардани фил ба ҷои филҳое ки дар солҳои 90 аз даст рафтанд, то ҳол амалӣ нашудааст, зеро барои нигаҳдории фил ҷойи муносиб мавҷуд нест. Сарварони боғ ваъда медиҳанд, ки дар боғи нав ҳатман ин ҷонвари бузургҷусса низ аз сарватҳои боғи ҳайвоноти Душанбе хоҳад шуд. Бо ин мақсад шаҳрдорӣ алакай ба сафорати Ҳиндустон ҳам муроҷиат кардааст.
Саидхӯҷа Сафаров, муовини раиси боғи ҷонварон мегӯяд, соли гузашта аз буҷаи шаҳр ба ин боғ 712 000 сомонӣ ҷудо шуд. Ин ҳам дар ҳоле ки 2 сол пеш ин маблағ ҳамагӣ 201 ҳазор сомониро ташкил мекард. Гуфта мешавад, ҳоло барои нигаҳубини як ҷонвар дар рӯз то 7 сомонӣ сарф мешавад. Ин рақам қаблан ҳамагӣ ... 18 дирам будааст.