Рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ аз сабабҳо ва роҳҳои ба ҷанги Сурия рафтани ҷавонони тоҷик, баҳси салафиву шиа дар Тоҷикистон ва имкони бозгашташ ба минбар сӯҳбат кард.
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии шинохтаи тоҷик дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз 5 сол пеш зимни як сафараш ба Русия дарк карда буд, ки ҷавонони тоҷик дар Русия мағзшӯӣ ва ба ин васила ба ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил мешаванд. Ба бовари ӯ, ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия ҳам бештар аз Русия сафарбар мешаванд.
Озодӣ:Албатта, аз нашри хабарҳо дар бораи ҳалокати чанд ҷавон аз минтақаи Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия огоҳ ҳастед ва бисёриҳо бо ҳайрат суол мегузоранд, ки Кӯлоб куҷову Сурия куҷо? Дар бораи нуфузи шумо дар ин минтақа бисёр сӯҳбат мешавад ва мегӯянд, ки ҷавононро маъвизаҳои шумо ба масҷид бурдааст. Агар ин тавсифҳо воқеъият дошта бошанд, пас чаро ҷавонҳои Кӯлоб бештар ба «ҷиҳод»-и Сурия мераванд? Ин чӣ «ҷиҳод» аст ва чаро тоҷикҳо дар он иштирок кунанд ва бимиранд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гуфтугӯ бо Ҳоҷӣ Мирзо
Ҳоҷӣ Мирзо: Аслан, он ҷо ҷиҳод нест. Ҳатто баъзе аз уламои олами Ислом ҳам аз рӯи инсоф баён карданд, ки дар Сурия фитна аст. Он ҷо ҷиҳод нест. Он ҷо ҳалли баъзе аз масоили давлатҳои абарқудрат аст. Дар он ҷо аз ҷиҳоду аз манзалату мартабаҳое, ки мусулмон бояд пайдо кунаду муҷоҳиди роҳи ҳақ шавад, дар он минтақаву он ҷанҷолҳо вуҷуд надорад.
Дигар ин ки вақте ки ҳанӯз ҳеҷ сару садо атрофи Сурия набуд, мо бо Домулло Маҳмадулло ва Қорӣ Амриддин ба Русия сафар кардем ва ин падидаро дар он ҷо мушоҳида кардем. Дар тамоми масҷидҳояш яке масъалаи маҳалгароӣ, яке масъалаи ухуват, яъне бародарӣ, яке масъалаи бо ном «ҷиҳод», ки ҳоло дар Сурия ҳаст, дар ҳамон 12 шаҳре, ки гаштам, вохӯрдем.
Намози ид дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Ман дар тамоми масҷидҳо бо муҳоҷирон сӯҳбат доштам ва 90 дар сади ин масъалаҳоро барояшон гуфтам. Русия ҳоло лонае шудааст, ки ҷавонони моро аз он ҷо гурӯҳои махсус ба Сурия ҷалб мекунанд. Ҳамин хел баъзе наворҳо меоранд, мисле, ки ба ҳамон каналҳои телевизиониашон тарғиб мекунанд, чаҳор кӯдакро бо манаҳи баста нишон медиҳанд, ки кушта шудаанд, тамом. Ба ҳар ҳол дидани ин манзара ҳамаро асабӣ мекунад ва ба ҳамин роҳҳо мисол мардумро гирифта мебаранд.
Як чизи дигар ҳам ҳаст, ки ҳам аз бесаводии мардум ҳам истифода бурда истодаанд ва ҳам аз камбизоатӣ. Сабаби асосӣ ҳамин ду чиз аст. Яке ба пул фиреб кардану фирефта кардану шавқу завқашро зиёд кардан аст, яке аз ҳисоби бесаводии бачаҳою каллаҳои холӣ буданашон. Аз ҳамон каллаҳои холиашон истифода бурда, бо чор далели сохтаву бофтаи худашон мебаранд ва инҳо аз барои Худо гуфта ҷанг кардан мегиранд.
Озодӣ:Ба назари шумо, чаро солҳои ахир баҳс бар сари масоили шиагароӣ ва салафигароӣ хеле афзоиш ёфтааст? Кӣ ин баҳсҳоро доман мезанад ва ҳадаф чӣ аст?
Акс аз як навори ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар Сурия
Ҳоҷӣ Мирзо: Замоне ки каме имконият барои пайравони мазҳаби шиа ва ҷараёни «Салафия» дода шуд, ин баҳсҳо сар заданд ва мунозираҳо дар масҷидҳо ҳатто то ҳадди ҷанҷолу занозанӣ расида буд. Он замон аз нигоҳи ман, каме шароиту имкониятҳояшон васеътар буд, ки баҳсҳо то ин ҳад мерасиданд. Бисёр аз равияҳое, ки пайдо шудаанд ва ё навпайдоанд, фаъолияташон ҳадафнок бошад, мо аз мақсадашон хафв дорем.
Давраҳое, ки кор мекардам дар масҷид, вақте мошини маро дар пеши идораи ҳукумат ё идораи амният медиданд, мардум хаттӣ савол медоданд, ки «мошинатро дар пеши КГБ ё ҳукумат дидем». Яъне, ту бо ин идораҳо робита дорӣ. Мегуфтам, ки эй мардум, ин масҷид худ як ҷои муҳим аст. Хонаи Худо ҳаст, аммо тибқи қонунҳои давлат зери назорати давлат аст ва аз ҳар ҷиҳат ба ҳукумат вобаста аст. Баъдан, шумо давлату ҳукумат гуфта, киро дар назар доред? Мо ҳар як шаҳрванд худ давлату ҳукумат ҳастем. Инро бояд аз зеҳни мардум дур кард, ки касе бо ҳукумат як муомила дорад, ӯро ҳамчун хоини дин мешиносанд. Муллоҳо ва ҳукумат бояд бо ҳам муносибати хуб дошта бошанд.
Озодӣ:Дар Фейсбук ва Однокласники, ду шабакаи иҷтимоии интернетӣ саҳифаҳое бо номи шумо боз шудааст ва зоҳиран аз серхонандатарин саҳифаҳо ҳам маҳсуб меёбанд. То куҷо ин минбарҳо минбари маъвизагӯии шумо дар масҷидро иваз кардааст?