Дар ҷашни таҷлили Рӯзи оила, муҳаббат ва садоқат намояндагони мазоҳиби мухталиф дар Тоҷикистон оиларо аз муқаддастарин арзишҳои инсонӣ унвон карданд.
Ин ҷашн, ки бештар Русия маъмул аст, одатан ҳар сол 8 июл баргузор мешавад. Аммо имсол бо ибтикори сафорати Русия дар Тоҷикистон Рӯзи оила 2 июл таҷлил шуд. Дар ин тантана намояндагони ҷомеъаи русзабонҳо ва калисои православӣ иштирок доштанд.
Роҳиби калисои насронии шаҳри Душанбе Константин дар ин маҳфил аз тамоюлҳо ва падидаҳои номатлубе, ки ба гуфтаи ӯ, аз Ғарб ба фарҳанги мардуми Русия ва Шарқ ворид мешавад, изҳори нигаронӣ кард. Ӯ аз ҷумла ҳамҷинсгароиро маҳкум кард ва қарори Русияро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қонуни кардани ин раванд шоёни таҳсин хонд.
Раҳматулло Гадоеви 65-сола мегӯяд, 37 соли ҳаёташро бо ҳамсараш Клавдия сипарӣ карда, ду бачаи нозанин ба дунё овардаанд. Ӯ меафзояд, ки бо ҳамсараш ҳамсабақ ва ҳамкор будаанд ва дар давоми 37 соли зиндагии муштарак боре ҳам андешаи аз ҳам ҷудо шудан ба сарашон наомадааст.
Раҳматулло Гадоев мегӯяд, ҳоло садоқати оиладорӣ коста шудааст ва яке аз сабабҳои он никоҳҳои маҷбурӣ ва ё озод набудани ҷавонон барои интихоби ҳамсар ва сабаби дигар аз тарбия дур мондани фарзандон будааст: «Садоқати оилавӣ каме коста шудааст, ки шояд сабабаш воқеаҳои солҳои охир бошад ё мардум ба ин чиз одат карда бошанд. Демократия гуфта ҳама чизро ба ҳоли худ гузоштанд. Ба худ ӯҳдадорӣ нагирифта истодаанд, ки ин мушкилро ҳал кунанд. Вақте як ҳодиса сар мезанад, баъд мегӯянд, писарам чаро чунин шуд? Пеш аз он, ки чунин суол диҳем, бояд писаронро дуруст тарбият кунем.»
Зимнан, дар маҳфили таҷлили Рӯзи оила, муҳаббат ва вафодорӣ дар шаҳри Душанбе сафорати Русия дар Тоҷикистон ба 10 оила, ки беш аз 25 сол бо ҳам зиндагии якҷоя доштаанд, тӯҳфаҳо ва нишони сарисинагӣ тақдим кард.
Бо он, ки оморҳои расмӣ дар бораи зану шавҳарии мардони тоҷик бо миллатҳои дигар дар даст нест, вале гуфта мешавад, садҳо тан дар гӯшаву канори Тоҷикистон ҳастанд, ки хонумашон рус ё аз миллати дигаре аст.
Ҳанӯз ҳам ин раванд, яъне издивоҷи мардони тоҷик бо намояндагони миллатҳои дигар идома дорад ва ахиран издивоҷи духтарҳои тоҷик низ бо намояндагони миллатҳои дуртар аз минтақа ва Русия мушоҳида мешавад. Аммо бинобар буду боши теъдоди бузурги шарҳрвандони Тоҷикистон дар Русия издивоҷи мардҳои тоҷик бо духтарони рус бештар ба назар мерасад.