Пулиси Душанбе ба навори бастани ду кӯдак дар хона вокуниш карда гуфт, нисбати волидайни онҳо чораҳои қонунӣ меандешад.
Рӯзи 19-уми апрел наворе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, ду кӯдакро дар хона маҳкам кардаанд. Дар ин видео, ки зоҳиран аз сӯи ҳамшираи тиббӣ дар як хобгоҳ сабт шудааст, дида мешавад, ки як кӯдак дар гаҳвора ва дуввумиро бо ресмон бастаанд. Ҳамшираи тиббии маҳалла дар ин видео мегӯяд, ин бори чандум волидайни ин ду кӯдак фарзандони худро дар хона баста, ба кор мераванд. Ба гуфтаи муаллифи навор, падару модари ин кӯдакон дар идораи нигоҳдории роҳ (ДЭУ) кор мекунанд. Дар навор писарбаччаи хурдсол мегӯяд, падараш ӯро бо ресмон бастааст.
Ин навор вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард ва даҳҳо корбар аз мақомот хостанд, нисбати ин қазия чора андешанд.
Волидайни ду кӯдак
Раёсати корҳои дохилии Душанбе 20-уми апрел дар хабарномае навишт, волидайни ин кӯдаконро пайдо кардааст. Онҳо Нуралихон Менгибоеви 58-сола ва Шаҳноза Қурбоноваи 32-сола будаанд. Назари ин афрод дар бораи қазия маълум нест.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ин падару модар дар тарбияи фарзандонашон “бемасъулиятӣ зоҳир намудаанд.”
Пулиси Душанбе гуфтааст, “бо назардошти ҳолати воқеии вазъи зиндагонии номбурдагон” нисбати ин волидайн “чораҳои дахлдор андешида хоҳад шуд.” Аммо мақомот дар бораи вазъи зиндагии ин афрод ва муҷозоти онҳо чизе нагуфтаанд.
Ин бори аввал нест, ки ҳодисаҳои бадрафтории волидайн бо фарзандон расонаӣ мешавад.