Ғолибони мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ муайян шуданд

Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе”, ки 26-уми апрел дар майдони тенниси назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо пирӯзии паҳлавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия хотима ёфт.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки бори шашум сурат гирифт, беш аз 100 варзишгар аз 25 кишвар дар вазнҳои 65 кг, 78 кг, 95 кг, +95 кг байни мардон ва дар вазни то 70 кило миёни занон рақобат карданд.

Байни мардон дар се вазн паҳлавонони тоҷик – Суҳроб Боқиев (65 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (78 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+95 кг) ғолиб шуданд.

Дар финал Суҳроб Боқиев бар Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон), Маҳмадшариф Наҷмиддинов бар Умед Эсанов (Узбекистон) ва Шакармамад Мирмамадов бар Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон) пирӯз гаштанд.

Дар як вазни дигар байни мардон (95 кг) паҳлавон аз Узбекистон Ҷонибек Қазоқов ғалаба кард. Вай дар даври ниҳоӣ ба Ҳусейн Холмурзоев (Русия) дастболо шуд.

Дар байни занон Алёна Прокопенко аз Русия дар вазни то 70 кило соҳиби медали тилло шуд. Рақибаш дар финал - Ганболд Гантсетсег (Муғулистон) – аз сабқат даст кашид.

Бояд зикр намуд, паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки соли гузашта корномаи варзишии худро дар риштаи ҷудо ба анҷом расонида буд, дигарбора ба майдони набард баргашт. Аммо ӯ дар нахустин рақобаташ дар ин мусобиқа аз Ҷонибек Қазоқови узбекистонӣ шикаст хӯрд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 110 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Барои ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2 ҳазору 500-долларӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи панҷуми байнулмилалии гуштигирӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” беш аз 200 варзишгар аз 40 кишвар ширкат варзиданд.

Мардон аз рӯи панҷ вазн ва занон аз рӯи ду вазн рақобат карданд. Байни мардон дар чаҳор вазн паҳлавонони тоҷик - Шаҳбоз Саидаброров (65 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (71 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (78 кг) ва Умар Расулов (86 кг) - ғолиб шуданд.

Дар як вазни дигар (+86 кг) паҳлавон аз Узбекистон Шермуҳаммад Ҷондреев пирӯз гардид.

Дар байни занон Ли ван Тин аз Чин дар вазни зери 57 кило ва Алёна Прокопенко аз Русия дар вазни то 70 кило соҳибони медалҳои тилло шуданд.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 ба гуштии миллии тоҷикӣ – «гуштигирӣ» мақоми байнулмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштигирӣ соҳиби сертификати байнулмилалӣ гардид.

Ғолибони Мусобиқаи 6-уми байнулмилалии гуштигирӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе»


Вазни 65 кг

1. Суҳроб Боқиев (Тоҷикистон)

2. Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)

3. Сарвар Абдушукуров (Тоҷикистон)

3. Муслимбек Каримов (Тоҷикистон)


Вазни 78 кг

1. Маҳмадшариф Наҷмиддинов (Тоҷикистон)

2. Умед Эсанов (Узбекистон

3. Абубакр Боқиев (Тоҷикистон)

3. Аҳрор Зиёдуллоев (Тоҷикистон)


Вазни 95 кг

1. Ҷонибек Қазоқов (Узбекистон)

2. Ҳусейн Холмурзоев (Русия)

3. Бека Гвиниашвили (Гурҷистон)

3. Озаранг Содиқ (Тоҷикистон)


Вазни +95кг

1. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)

2. Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)

3. Ҷавод Муродӣ (Эрон)

3. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)


Вазни 70 кг

1. Алёна Прокопенко (Русия)

2. Ганболд Гантсетсег (Муғулистон)

3. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)

3. Ажар Исоева (Қирғизистон)