Гуфтугӯи мақомоти аврупоӣ ва украин бобати хатми ҷанг дар Украина, ки қарор буд 23-юми апрел дар Лондон баргузор шавад, бекор шудааст.
Ҳанӯз далели лағви ин нишаст маълум нест, вале рӯзи 21-уми апрел бори аввал аз оғози ҷанг Владимир Путин, президенти Русия гуфт, омодаи музокираи рӯ ба рӯ бо Украина аст.
Ин ҳарф замоне садо дод, ки Амрико фишорашро барои расидан ба сулҳ бештар кард ва мақомоти ин кишвар ҳушдор доданд, ки агар ду ҷониб ба сулҳ розӣ нашаванд, дигар миёнаравӣ намекунанд.
Путин дар суҳбат бо телевизиони давлатӣ гуфт, ба ҳамагуна музокира, аз ҷумла тамдиди оташбас омода аст ва аз Киев низ инро интизор аст.
Вашингтон гуфт, аз тамдиди оташбас истиқбол хоҳад кард.
Русия ва Украина бо пешниҳоди Иёлоти Муттаҳида эълон карда буданд, ки сӣ рӯз ба иншооти барқрасонӣ ва корхонаҳои тавлиди нафт ҳамла намекунанд. Ҳарду кишвар ҳамдигарро ба поймоли пешниҳоди Амрико айбдор карданд. Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки Путин нияти ҷиддии расидан ба сулҳро надорад ва ҷангро идома медиҳад.
Русия ва Украина расман дар моҳҳои аввали ҷанг бо ҳам гуфтушунид карданд, вале он бенатиҷа анҷом ёфт. Дигар мақомоти ду кишвар ҳеч гоҳ бо ҳам дидори мустақим надоштанд.
Доналд Трамп, президенти Амрико ва Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки агар ду кишвар ба сулҳ розӣ нашаванд, Амрико дигар миёнравӣ нахоҳад кард.
Ноиб-президенти Амрико Вэнс гуфт, кишвараш ба ҳарду тараф пешниҳоди дақиқ кардааст ва агар он қабул нашавад, Амрико аз бозӣ мебарояд.
Трамп рӯзи якшанбе гуфт, умедвор аст, ки ин ҳафта Русия ва Украина ба созише даст меёбанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Путин ба музокироти сулҳ омода будааст