Ҳабиб Саид дар 71-солагӣ дар Русия даргузашт

Ҳабиб Саид. Акс аз 8 декабри соли 2010.

Нависанда, рӯзноманигор ва блогнавис Ҳабиб Саид, ки солҳо боз дар Интернет ба таблиғу муаррифии таърих, адабиёт, мусиқӣ ва чеҳраҳои намоёни Тоҷикистон машғул буд, рӯзи 20-уми январ дар 71-солагӣ дар Оренбург даргузашт.

Ӯ дар солҳои 90-ум, дар айёми ҷанги дохилии Тоҷикистон, ба Русия рафта, то охири умр дар онҷо монд. Маросими дафни ӯ дар шаҳри Исфара баргузор хоҳад шуд.

Хабари даргузашти Ҳабиб Саид рӯзи 22-юми январ тавассути шахсони наздик ба ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. То кунун даҳҳо кас зери он шарҳ гузоштаанд. Чанд сол пеш ӯ ба сактаи дил гирифтор гашта буд.

Ҳабиб Саид дар солҳои охир силсилаи блогу саҳифаҳоро дар бахши адабиёт, сиёсат, фарҳанг ва ходимони маъруфи Тоҷикистон дар Интернет гардонандагӣ мекард. Дар саҳифаи ӯ дар Ютуб мусиқӣ ва гуфтору наворҳои нодире аз даврони Шӯравии собиқ ҷой ёфтаанд. “Душмани №1-и тоҷик – вируси М”, яке аз сохтаҳои ӯ дар бораи дарди маҳалгароӣ дар Тоҷикистон аст.

Саидаҳмад Қаландаров, донишманди тоҷик, рӯзи 22-юми январ дар навиштае дар Фейсбук ӯро “зиндагардонандаи осори таърихӣ, фарҳангӣ ва адабию чеҳраҳои нотакрори наздик ба сад соли охири миллати тоҷик дар Интернет” номид.

“Ҳабиб Саид дар бораи устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Комил Ёрматов, Қорӣ Ниёзӣ, Мамлакат Наҳангова, Лоиқ Шералӣ видеороликҳои алоҳида сохтааст. Дар зиёда аз 100 видеоролики бахшида ба Аҳмад Зоҳир, ки ҳаҷми бархе аз онҳо зиёда аз як соат аст, то 490 акси ин ҳунарманди шодравон гирд омадааст,” – навишт Субҳони Аъзамзод, донишманди дигари тоҷик, дар Фейсбук.

Ҳабиб Саид зодаи шаҳри Душанбе ва хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзист, аммо пешаҳои зиёдеро озмудааст. Кафшергар, челонгар, геолог, муҳандис, корманди нашрияи “Ҳафтганҷ” ва шореҳи сиёсии Радиои Тоҷикистон буд.

Ӯ соли 2019 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъди кӯчиданаш ба Русия корро дар корхонаи равғанкашӣ низ таҷриба кард, вале сактаи қалбӣ шуду ба нафақа баромад ва ба кори эҷодӣ баргашт.

"Одамсуратон субҳидам пайдо мешаванд", маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳ, новелла, мазҳака ва ҳикояҳои тахайюлии ӯ, соли 1992 дар Душанбе ба нашр расид. “Итолиёӣ, хола ва Золушка” китоби дигари ӯст, ки бо забони русӣ чоп шудааст.

Баъзе аз порчаҳои суҳбати Ҳабиб Саид аз соли 2019

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҷомеа пеш рафта, мусиқиву ҳунар ҳам дигар шудааст. Мардум завқи дигар доранд. Шояд бипурсанд, ки бойгонии солҳои 50-ум ва 80-ум ба кӣ даркор?

Ҳабиб Саид: “Баъзеҳо мегӯянд, гузашта чӣ лозим? Аммо намешавад, ки гузаштаи худро фаромӯш кунем. Ҳоло сарояндагони зиёде дар жанри гуногун тарона мехонанд. Ёдатон бошад, сарояндаи тоҷикро дар як барномаи телевизионӣ дар Афғонистон эрод гирифтанд, ки хуб суҳбат карда наметавонад. Сарояндагоне, ки мо доштем, адабиёти классикиро хуб медонистанд, огоҳ ва донишманд буданд. Бояд бо корашон ошно бошем ва омӯзем. Бинанда ва шунавандаи ин мусиқиҳои қадимӣ кам нестанд. Ман ҳам бовар надоштам, ки барномаҳо бинанда пайдо мекунанд, вале насли ҷавон низ мешунаванд ва тарафдорӣ мекунанд."

Радиои Озодӣ: Таҷрибаи кор дар радиоро доред. Ба назари шумо, хатари нобудии мусиқиҳои нодир, навору суҳбатҳои солҳои Шуравӣ аз радиои тоҷик вуҷуд дорад?

Ҳабиб Саид: “Бале. Радиои Тоҷикистон тақрибан 11 ҳазор сабт дорад, ки бояд ҳамаашро аз лента ба MP3 гузаронем, ки нобуд нашаванд. Дар аксар кишварҳо сабтҳояшонро аз лента дар компютерҳо захира кардаанд, вале дар мо на ҳамаашро гузарондаанд. Лентаҳои кӯҳна низ нобуд мешаванд, касе истифода намекунад. Бисёриҳо онҳоро мепартоянд. Як дӯстам низ ба ман навишт, ки бо дастони худашон лентаҳои нодирро бурда нобуд кардаанд. Русҳо ин чизҳоро ҳифз мекунанд, эҳтиёткор ҳастанд, аммо мо инҳоро нест мекунем."

Радиои Озодӣ: Чанд сол пеш дар Тоҷикистон будед. Барои як ҳунарманд муҳити кору эҷоду зиндагӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Ҳабиб Саид: “Ман фикр мекунам, ки Душанбе муҳити озоде барои зиндагӣ нест, муҳити эҷодӣ маҳдуд аст… Дар 30 соли охир мушоҳида накардам, ки шахсиятҳои қавии ҳунару фарҳанг дар Тоҷикистон ба миён омада бошанд. Албатта, 5 сол пеш ба Душанбе рафта будам ва муҳитро медонам. Ҳафтод дарсади хонандагони блог ва саҳфаам дар Ютуб аз Русия ҳастанд, дигар кишварҳо ва шумораи хело камашон аз Тоҷикистон."