Генерал Ярослав Москалик, низомии баландпояи Русия, дар таркиши мошин дар наздикии шаҳри Маскав кушта шудааст. Ҳодиса рӯзи 25-уми апрел рӯй дод.
Ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, дар чор моҳи охир ин мансабдори дувуми рус аст, ки дар масофаи наздик ба хонааш кушта мешавад.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқот шуруъ шудааст. Кумитаи тафтишот хабар дод, ки Москалик рӯзи 25-уми апрел, ҳангоме мехост ба мошинаш наздик шавад, кушта шуд.
Тарҳи "Система"-и Радиои Озодӣ ҳам маълум кард, ки маҳалли таркиш, хиёбони Нестерова, наздик ба бинои зисти низомии рус аст.
"Тибқи иттилои ибтидоӣ, дар натиҷаи таркиш Ярослав Москалик, муовини сардори сарраёсати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба ҳалокат расидааст," -- гуфтанд дар Кумитаи тафтишоти Русия.
Ярослав Москалик, акс аз соли 2017
Навори дурбинҳои назоратӣ лаҳзаи таркишро сабт кардаанд. Бино ба гузориши Baza дар Телеграм, дастгоҳи тарканда замоне ба кор даромад, ки Москалик ба мошинаш наздик шуд.
Вай дар солҳои 2015 ва 2019 дар музокироти “шакли Нормандӣ” дар бораи Украина нақши калидӣ дошт ва соли 2018 дар музокирот бо президенти вақти Сурия, Башор Асад дар ҳайати Русия шомил буд.
Иштироки эҳтимолии ӯ дар ҷанги давомдор дар Украина ба таври ошкоро тасдиқ нашудааст.
Дар моҳи декабри соли 2024 дар пайи таркиши бомбе дар Маскав генерал-лейтенанти рус Икор Кириллов кушта шуда буд. Масъулияти ин ҳодисаро хадамоти иктишофии Украина ба дӯш гирифт.