Як афсари 25-солаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ба ҳалокат расидааст. Ҳодисаи рӯзи 8-уми май рух додааст.
Як манбаъ аз Раёсати марзбонии вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар натиҷаи ин садама лейтенанти калон Абдураҳмони Мирзошариф, ҷон бохтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми сафар ба дидбонгоҳи "Даҳана", мошини ҳомили ӯ ногаҳон аз кор мемонад ва ба ҷуқурии 200 метр сарозер мешавад.
"Лаб-лаби дарёи Панҷ сохтмони роҳ идома дорад. Дар гузашта ин минтақаҳо касногузар буд ва ҷару тепаҳои бисёр дорад. Аз самти дигар, дарёи Панҷ аст. Лейтенанти калон Абдураҳмони Мирзошариф бо як нафари дигар бо худрави тамғаи "Муссо" ба дидбонгоҳи "Даҳана", ки дар ҳамин минтақа ҷойгир аст, мераванд ва мошин аз кор мемонад. Ҳамроҳаш худро аз мошин ба берун меандозад ва ӯ ҳамроҳи мошин дар як ҷуқурии меравад, ки 200 метр будааст ва дар ҳамонҷо захмӣ шуда, мефавтад",-гуфт мусоҳиби мо.
Манбаъ афзуд, ки ҳоло тафтиши ҳодиса аз ҷониби Додситонии гарнизони ҳарбии шаҳри Кӯлоб, идома дорад.
Абдураҳмони Мирзошариф, сокини деҳаи Сармайдони ноҳияи Мӯъминобод буда, рӯзи 9-уми май дар ҳамин деҳа ба хок супурда шуд.
Яке аз сокинони деҳа рӯзи 16-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдураҳмон ҳамагӣ ду моҳ пеш издивоҷ карда буд.
Дар мавзеъе, ки садама дар онҷо рух додааст, чанд сол боз бунёди роҳ идома дорад. Чанд километр аз ин роҳ қаблан бо кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сохта шуда буд.
Мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин як сол пеш гуфта буданд, ки бо анҷоми пурраи сохтмони роҳ, назорати сарҳад комилан ба дасти нерӯҳои марзбонӣ хоҳад гузашт. Вале то ҳол маълум нест, ки сохтмони роҳ кай ба охир мерасад.
Айни замон чанд дидбонгоҳ ва отряди сарҳадӣ ба ин минтақа кӯчонида шудаанд.
Ин аввалин ҳодисаи талафоти ҷонӣ дар миёни афсарону сарбозон дар марз нест. Мақомот пештар низ аз ҳалокати хизматчиёни ҳарбӣ дар натиҷаи садамаҳои марбут ба роҳу шароити душвори кӯҳӣ ва беэҳтиётӣ, хабар дода буданд.