Ҳизби коргарони Курдистон, ки зидди Туркия мубориза бурдааст, барҳам мехӯрад

Ҳизби коргарони Курдистон (ба англисӣ - PKK), ки давоми чандин даҳсола бо ҳадафи таъсиси давлати мустақил зидди Туркия муборизаи мусаллаҳона бурдааст, рӯзи 12 май дар бораи пош хӯрдани ин созмон ва халъи силоҳ хабар дод. Дар ин бора хабаргузории наздик ба ин гурӯҳ First иттило додааст.

Аз ин пеш Абдулло Оҷалон, раҳбари PKK, ки онро Туркия, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ меноманд, аз дохили зиндон аз тарафдоронаш даъват намуд, ки пароканда шаванд. Оҷалон баъди ҳабсаш дар соли 1999 дар як зиндони канори Истамбул ҳабси якумриро пуштисар мекунад. PKK дар посух ба даъвати Оҷалон дар шимоли Ироқ анҷумане барпо ва аз ин даъвати пешвояш ҷонибдорӣ намуд. Дар изҳороти созмон гуфта мешавад, ки “PKK рисолати таърихии худро ба анҷом расонид” ва акнун масоили курдҳо аз роҳи демократӣ ҳал шуда метавонад.

Намояндаи ҳизби ҳокими Туркия Умар Челик қарори рӯзи душанберо “иқдоми муҳим барои Туркияи озод аз терроризм” номид. Туркия интизори чунин қарор буд. Хабаргузориҳо менависанд, ки президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ваъда додааст, ки барои рушди минтқаҳои ҷанубу шарқи Туркия маблағҳои иловагӣ мефиристад. Дар ин минтақаҳо асосан курдтаборҳо зиндагӣ мекунанд.

Ҳизби коргарони Курдистон аз соли 1984 зидди ҳукумати Туркия мубориза бурдааст. Туркия, ки дар навбати худ дар мубориза бо ҷудоиталабон дар хоки кишварҳои ҳамсоя ҳам амалиёт барпо мекард, бо ин баҳонаҳо солҳои охир қаламравҳоеро дар шимоли Сурия ишғол намуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Туркия ба маконҳои Ҳизби Коргарии Курдистон зарба задаастҲизби коргарони Курдистон аз 1 март бо Туркия оташбас эълон кардРаҳбари зиндонии "PKK" аз нерӯҳояш хост, силоҳро ба замин бигузоранд