Дар Эрон овозхоне, ки зидди ҳиҷоб тарона навишт, ҷазо гирифт.
Дар Эрон мақомот ҳукми 74 шаллоқи овозхон Меҳдӣ Яроҳиро иҷро карданд, ки дар таронае духтарону занонро даъват мекунад, ҳиҷобро аз сар бикашанд.
Вакили дифои ӯ Заҳро Минуӣ гуфт, ҳукми шаллоқи овозхон рӯзи 5 март иҷро шуд. Ярроҳӣ августи соли 2023, як сол баъди марги Маҳсо Аминӣ ва шурӯи эътирозҳои бо номи “Зан, зиндагӣ, озодӣ” бо таронааш “Розарито” маъруф шуд.
Январи соли 2024 ӯро барои ин тарона ба ду солу ҳашт моҳи зиндон ва 74 шаллоқ маҳкум карданд, вале дар изҳороти ахираш гуфт, ки ҳукми ӯ сабуктар шуд. Ба ҳимояти Яроҳӣ ва талаби озодии ӯ бисёриҳо дар дохил ва хориҷи Эрон садо баланд карданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Муаллифи таронаи эътирозӣ дар Эрон афв шудаастГугуш мегӯяд, агар дар Эрон мебуд, ба зидди рӯҳониён эътироз мекард. САДОБеҳном Бонӣ дар Тоҷикистон: "Барои мо баъзе маҳдудиятҳо ҳаст" ВИДЕОГугуш: "Вақте омадам, шояд фикр намекарданд, ки чунин истиқбол мешавад" САДО