Рӯзи панҷшанбе нахуст дар назди “Оташи абадӣ”-и Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон маросими гулгузорӣ барпо мешавад.
Ҳамон рӯз паради ҳарбӣ бо иштироки 4500 низомии Вазорати дифои Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.
Рӯзи баъдаш, 9 май бо даъвати Кремлин қарор аст президенти Тоҷикистон дар Маскав дар паради идона иштирок кунад, вале ҳанӯз мақомоти тоҷик дар ин бора хабаре нашр накардаанд. Тасдиқи иштироки раҳбари Тоҷикистонро рӯзи 7 май Юрий Ушаков, ёвари Путин ба матбуоти расмӣ хабар дод.
Матбуоти Тоҷикистон бо такя ба мақомоти кишвар хабар доданд, ки ба муносибати Иди Ғалаба ба 17 собиқадори барҳаёти Ҷанги дуюми ҷаҳон дар кишвар аз ҳисоби фонди захиравии президент тахминан 50 ҳазор сомонӣ маблағ тақдим мешавад. Ғайр аз ин, собиқадорони сокини шаҳри Душанбе аз буҷаи шаҳрдорӣ 25 ҳазор сомонии дигар хоҳанд гирифт.
Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон тахминан 300 ҳазор нафар ба ҷанг сафарбар шуданд ва сеяки онҳо барнагаштанд. 65 зодаи Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро гирифтаанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе аз мардум савол карданд, ки оё онҳо дар бораи Иди Ғалаба чӣ медонанд.
Пурсишро дар ин ҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикон ҳам дар ғалаба бар фашизм саҳми зиёде доранд - ПУРСИШ