Чанд рӯз аст, ки издиҳоми азим дар назди маркази муҳоҷирати "Сахарово" дар шаҳри Маскав ҷамъ омадааст, чун то се моҳи дигар муҳлати қонунӣ кардани иқомату кор дар Русия барои хориҷиён ба поён мерасад. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ чанд моҳи дигар ва то сентябр имкон медиҳанд, ки ҳузурашонро қонунӣ кунанд.
Барои ҳамин ҳамарӯза ҳазорон муҳоҷир соатҳои дароз ва гоҳо зери борону офтоби сӯзон навбат мепоянд ва баъзе бе патенту иҷозаи кору иқомат ва бо дасту пои шикаста бармегарданд.
Чандин корбари Радиои Озодӣ бо фиристодани видео аз назди маркази "Сахарово" нақл карданд, рӯзи 15-уми май дар натиҷаи талотуму бебандуборӣ пой ва қабурғаҳои чанд муҳоҷир, аз ҷумла занони тоҷик шикааст.
Аз ин пештар субҳи рӯзи 8-уми май як муҳоҷири тақрибан чилсолаи тоҷик ҳангоми навбатпойӣ дар назди "Сахарово" фавтидааст. Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ бемории қанд доштааст ва чанд рӯз паийҳам барои гирифтани патент меомад.
Вақте бемор аз пой афтод, касе ёрии таъҷилиро даъват накард.
Дар назди маркази муҳоҷиратии Санкт-Петербург айни аҳвол будааст. Ба хориҷиён ва бахусус муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, муҳлат додаанд, ки то 10-уми сентябр санадҳои худро дуруст кунанд ва ё аз ин кишвар берун шаванд.
Дар акси ҳол боздошту ронда мешаванд ва ё ҷазо мегиранд. Сабтином дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ аз шартҳои асосӣ кору иқомати қонунӣ дар Русия аст.