Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, аз “хатари афзоянда”-и шохаи “Хуросон”-и ДОИШ ё гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.
Ба гузориши созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ҷангҷӯёни ҳалқаи “Хуросон” асосан дар Афғонистон паноҳгоҳ доранд.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Амстердам, рӯзи 30-юми апрел дар эъломияе гуфт, “шумораи зиёди ҷангҷӯёнро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.”
Ҳарчанд созмон омори дақиқе наовард, ин вазъро “натиҷаи бевоситаи сиёсати саркӯбгаронаи низоми феълӣ дар Тоҷикистон” донистааст, ки “ҷавононро аз ҳаққи зиндагии шоиста, озодӣ ва адолат маҳрум кардааст.”
“Бекории густарда, худсариҳои мақомот, набудани дурнамои рушд ва таъқибҳои шадиди сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳазорон ҷавони ноумедро ба оғӯши гурӯҳҳои ифротӣ андохтаанд,” – гуфта шудааст дар эъломия.
Ин изҳорот дар замоне нашр шуд, ки ба хабари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, раҳбараш Шарофиддин Гадоев бо сафари корӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон, қарор дорад.
Мақсади сафари ӯ “таҳияи механизмҳои муштарак барои таъмини субот, тавсеаи муколамаи мустақим ва пурмазмун байни ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Афғонистон ва тақвияти равобити бародаронаи байни мардуми ду кишвар аст” гуфта шудааст.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд бо нашри ин акс гуфт, ки Шарофиддин Гадоев бо Фазлурраҳмон Орӣ, мудири маркази таҳлилии Sahar Discourse Center мулоқот кардааст
Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дарозтарин сарҳадро бо Афғонистон дорад, ки 1344 километр аст. Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки дар наздикии марз гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ҳалқаи “Хуросон”-и ДОИШ ҳузур доранд, ки дар байни онҳо ифротгароёни тоҷик ҳам ҳастанд.
Шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар соли 2015 аз вуҷуди худ хабар дод ва дар солҳои охир масъулияти чанд ҳамлаи маргборро дар дохил ва берун аз Афғонистон ба дӯш гирифт.
Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида қаблан эълон карда буд, ки барои ҳар иттилое, ки битавонад сабаби барҳам задани шабакаи молии шохаи “Хуросон” шавад, 10 миллион доллар инъом медиҳад.