Вазорати корҳои хориҷии Русия эълон кард, ки тафтиши ҳаммоме дар шаҳри Маскав зидди шаҳрвандони ягон кишвари мушаххасе равона нашуда буд. Ин амалиёт 10-уми апрел дар ҳаммоми "Бодрост" дар ноҳияи Тимирязеви пойтахти Русия гузашт.
Вазорат мегӯяд, он тибқи нақша доир шуда, 59 кас аз ҳаммом ба идораи полис интиқол ёфтанд. Аз ин байн 25 нафар барои вайрон намудани шароити будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Нашри наворҳои амалиёти полиси Русия дар ҳаммоми соҳибкори қирғиз, ки дар миёни муҳоҷирон маъруф будааст, боис ба эътирозҳои шадид дар ҷомеаи Қирғизистон шуд.
Фаъоли маданӣ Урмат Ҷонибоев гуфт: "Ман чун шаҳрвандони дигари Қирғизистон мунтазири вокуниши Вазорати корҳои хориҷии кишвар ҳастам. Ин худсарии мақомоти Русия нисбат ба шаҳрвандони мо ва умуман муҳоҷирон набояд ба ин ишакл идома кунад. Бо назардошти он чизе, ки дар Русия дар муқобили муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ раво дида мешавад. Бояд таъкид кунам, ки раҳоӣ аз натсизм на ба Украина, балки ба Русия зарур аст."
Тафтиши таҳқиромези муҳоҷирони қирғиз дар ҳаммоми Маскав вокуниши ҷиддии вакилони Қирғизистонро ҳам ба бор овардааст.
Ҷанар Оқоев, вакили "Жогорку Кенеш", мегӯяд, "мехоҳам латукӯби донишҷӯёни покистониро хотирнишон кунам, ки дар кишвари мо рӯй дода буд. Муовини сарвазири мо бо покистониҳо вохӯрда, аз онҳо узр хост. Фаъолони қирғиз ба онҳо ғизо бурда, маъзарат хостанд. Вазири умури хориҷии Покистон ба Бишкек омаду сарвазири Покистон ибрози нигаронӣ кард. Сарвазири мо чӣ кор кард? Ҳатто вақте покистониҳоро заданд, ман ҳам ба майдон баромада, гуфтам: "Ба хориҷиҳо нарасед! Агар табаҳкорӣ карда бошанд, тибқи қонун ҷавоб медиҳанд." Оё дар Русия ягон мансабдор чизе гуфт? Оё ягон нафари онҳо изҳори таассуф кардааст?"
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вокуниши Маскав ва хашми фаъолон дар Қирғизистон
Баъд аз юриши полис соҳиби ҳаммом наворҳоеро нашр намуда, ёдовар шуд, ки таҳқир ва латукӯби муҳоҷирон панҷ соат идома ёфт. Ҳамзамон бо он, афсарони рус ба мисли ғоратгарон хазинаи ҳаммомро боз ва таҷҳизоти онро тахриб кардаанд.
Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия аз нақли Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи башари Қирғизистон Ҷамила Ҷамонбоева навишт, ки амалиёт дар ҳаммоми Маскав аз тарафи Идораи додситонӣ ва хадамоти муҳоҷират тафтиш хоҳад шуд.
Ҷамонбоева ин масъаларо бо Ваколатдори ҳуқуқи башари Русия Татяна Москалкова баррасӣ кардааст. Вай ба мақомдори рус дар бораи муомилаи номуносиби хадамоти марзбонӣ ва гумруки Русия бо муҳоҷирон дар фурудгоҳҳо низ ишора кардааст.